Ҳалокати ду тифли як хонадон дар пайи ғарқшавӣ

Ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ғарқ шудаанд, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ. Ин ниҳод гуфтааст, сабаби ғарқшавии кӯдакон беназоратии волидон аст. КҲФ нагуфтаст, ки ҳодиса кай рух додааст, эҳтимол меравад, он рузҳои наздик рух додааст. “Ҷасади […]

Asia-Plus

Ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ғарқ шудаанд, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ.

Ин ниҳод гуфтааст, сабаби ғарқшавии кӯдакон беназоратии волидон аст.

КҲФ нагуфтаст, ки ҳодиса кай рух додааст, эҳтимол меравад, он рузҳои наздик рух додааст.

“Ҷасади ин ду тифлро сокинони деҳа пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд”,- гуфтааст ин ниҳод.

Ба навиштаи КҲФ, ҳалокати ноболиғон дар обҳои кишвар ҳодисаи нав нест ва аксаран бар асари беназоратии калонсолон рух медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 47 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд. Аз ин теъдод, 26 нафар кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.