Арзиши патент дар Русия дар соли 2024 чӣ қадар боло рафт?

Арзиши патенти кор барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2024 дар ҳамаи минтақаҳои Русия тағйир меёбад. Патенти аз ҳама гарон дар Ҷумҳурии Саха (12 957 рубл) ва арзонтарин – дар Чеченистон (2 880 рубл) муқаррар шудааст. “Ҳамасола арзиши патент аз 3 таркиб ҳисоб карда мешавад: – пардохти сабтшуда дар ҳаҷми 1200 рубл мувофиқи Кодекси андози Русия; – коэффисиенти […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Арзиши патенти кор барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2024 дар ҳамаи минтақаҳои Русия тағйир меёбад. Патенти аз ҳама гарон дар Ҷумҳурии Саха (12 957 рубл) ва арзонтарин – дар Чеченистон (2 880 рубл) муқаррар шудааст.

“Ҳамасола арзиши патент аз 3 таркиб ҳисоб карда мешавад:

– пардохти сабтшуда дар ҳаҷми 1200 рубл мувофиқи Кодекси андози Русия;

– коэффисиенти минтақавӣ, ки аз рӯи қонуни минтақа муқаррар мешавад;

– коэффисиент-дефлятор, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия муайян карда мешавад”, – менависад Интерфакс бо истинод ба Маҷлиси Қонунгузории минтақаи Перм.

Дар соли 2023 чӣ қадар буд?

Барои муқоиса, дар Маскав соли гузашта патент 6 600 рубл нарх дошт, имсол – 7 500.

Дар вилояти Ленинград соли 2023 – 4 400 рубл, имсол – 4 600 рубл.

Дар кишвари Красноярск соли 2023 – 6 701 рубл, имсол – 8 153 рубл.

Дар Ёқутистон (Якутия) соли 2023 – 12 255 рубл, имсол – 12 957 рубл (гаронтарин).

Дар Чеченистон соли 2023 – 2 742 рубл, имсол – 2 880 рубл (арзонтарин).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.