Ҳалокати як ҷавон аз дуди ангишт дар Деваштич

Дар деҳаи Басманда, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич як ҷавони 22-сола аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ аз ин ҷавони марҳум Алиёр Пулотов ном бурд ва гуфт, ҳодиса шаби 10-уми январ аз дуди бухорӣ дар хонаи хоби ҷавон рух додааст. Ба гуфтаи […]

Фарзона Муродӣ,Asia-Plus

Дар деҳаи Басманда, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич як ҷавони 22-сола аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ аз ин ҷавони марҳум Алиёр Пулотов ном бурд ва гуфт, ҳодиса шаби 10-уми январ аз дуди бухорӣ дар хонаи хоби ҷавон рух додааст.

Ба гуфтаи наздикони марҳум, ҷасади ҷавонро нисфирӯзии 11-уми январи соли равон баъди экспертизаи тиббӣ-судӣ ба хок супурдаанд.

Алиёр ҳамагӣ 22 сол дошта, ба тозагӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади барпо кардани оила дар моҳи равон ба ватан баргашта буд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон бо оқибатҳои марг мегардад.

Замистони соли гузашта чунин як ҳодиса дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух дода, марди 80-солае фавтида ҳамсараш заҳролуд шуда буд.

Инчунин,  19-феврали соли 2023  се ноболиғи 6-сола, 10-сола ва 13-сола дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтида буданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.