Таъсири “Слово пацана”? Боздошти 13 наврас барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 13 наврасеро, ки баъди муноқишаи лафзӣ дар шабакаи иҷтимоии “Instagram” дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт мулоқот карда, “тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд”, боздошт ва нисбати волидонашон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимои наворе нашр шуд ва муаллифи он таъкид мекард, ки гурӯҳе аз наврасон бо тақлид ба […]

Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 13 наврасеро, ки баъди муноқишаи лафзӣ дар шабакаи иҷтимоии “Instagram” дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт мулоқот карда, “тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд”, боздошт ва нисбати волидонашон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимои наворе нашр шуд ва муаллифи он таъкид мекард, ки гурӯҳе аз наврасон бо тақлид ба силсилафилми машҳури русии “Слово пацана” тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд.

Милитсияи пойтахт менависад, ки ин ҳодиса 20-уми январ, тақрибан соати 20:00, дар кӯчаи Маяковский рух додааст ва кормандони онҳо худи ҳамон рӯз 13-нафар ноболиғро боздошт намуда, саривақт пеши роҳи муноқиша ва оқибатҳои нанговарро гирифтаанд.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки қаблан хонандагони МТМУ №8 ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони МТМУ №43 ва №52 ноҳияи Сино тавассути шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” байни ҳамдигар муноқишаи лафзӣ намудаанд. Бо ин мақсад, аз ду ҷониб гурӯҳи наврасон ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд”.

Ҳамин тавр, 13 нафар ноболиғ – иштирокчиёни ҳодисаи мазкур боздошт гардидаанд. Дар робита ба ин, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, нисбати волидони боздоштшудагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва пайванд кардани он бо силсилафилми “Слово пацана” нест. Қаблан низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки чанд ноболиғ як ҳамсоли худ ва дар навори дигар як марди калонсолро зери оҳанги “Слово пацана”  мавриди латукӯб қарор медиҳанд.

Он замон милитсияи пойтахт 4 ноболиғро боздошт карда, нисбаташон санад тартиб дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.