Ҳушдори КҲФ аз яхбандии роҳҳо. Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ки  бо сабаби поинравии ҳарорат, роҳҳои мошингард ях мебанданд ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард. Кумита ба истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-4 феврали соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳо […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ки  бо сабаби поинравии ҳарорат, роҳҳои мошингард ях мебанданд ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард.

Кумита ба истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-4 феврали соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳо рӯи 3-ум рӯзона ва рӯзи 4-уми феврал шабона бориши барфу борон шиддат мегирад.

Гуфта мешавад, ба истиснои ВМКБ рӯзҳои 1-4-уми феврали соли 2024 дар аксари ноҳияҳо туман фаромада, он метавонад мушкили дид дар масофаи то 500 метр боис гардад.

Рӯзҳои 1-2 феврал дамои ҳаво шабона дар баъзе ноҳияҳо то ба -15-20 дараҷа сардӣ мерасад. Ба сабаби коҳиши ҳарорати ҳаво рӯзҳои 1-4 феврал роҳҳои мошингард ях мебанданд ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард. Шабонарӯзи оянда, аниқтараш то 4-уми феврал дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Борону барфи пуршиддат метавонад ба лағзиши тарма, резиши санг дар роҳҳо, афзоиши садамаҳо бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ғайра боис шавад.

“Ҳавои номусоид метавонад ба хатҳои интиқоли қувваи барқ ​​осеб расонад, дарахтонро шиканад ва афтонад, боми хонаҳо осеб бинанд. Аз рӯ, ҳангоми гузар аз роҳҳо талош кунед аз зери дарахтон нагузаред, ҳамчунин аз сутунҳои сустниҳоди рекломҳо эҳтиёт кунед”, – тавсия дода мешавад ба шаҳрвандон.

Кумита аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Ҳамчунин бо эҳтиром хоҳиш мешавад дар чунин рӯзҳо сокинон аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд.

КҲФ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода ба рақами 112 ва ё телефони қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 барои кумак муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.