Тақрибан 350 млн сомонӣ амволи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро “фурӯхтаанд”

То ҳол аз 215 амвол ё объектҳои дар ҳабсбудаи ду бонки муфлисшудаи кишвар -“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”  37 адади он ба маблағи 99,4 млн сомонӣ фурӯхта шуда, 30 амволи дигар ба маблағи 249 млн сомонӣ ба тавозуни дигар мақомот гузаронида шудааст. Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар […]

Asia-Plus

То ҳол аз 215 амвол ё объектҳои дар ҳабсбудаи ду бонки муфлисшудаи кишвар -“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”  37 адади он ба маблағи 99,4 млн сомонӣ фурӯхта шуда, 30 амволи дигар ба маблағи 249 млн сомонӣ ба тавозуни дигар мақомот гузаронида шудааст. Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, дар маҷмуъ, то ҳол маблағи аз ҳисоби фурӯш ва ба тавозуни дигар мақомот додани объектҳо ё амволи ин ду бонк 348,4 млн сомонӣ ба даст омадааст.

Ба гуфтаи Раҳимзода, то ҳол 24 объекти “Агроинвестбонк” ба маблағи 53 млн сомонӣ фурӯхта шуда, 23 амволи ин бонк ба мабалғи 193,5 млн сомонӣ ба тавозуни дигар мақомот гузошта шудааст.

Ҳамчунин, аз ҳисоби амволи “Тоҷиксодиротбонк” то ҳол 13 объект ба маблағи 46,4 млн сомонӣ фурӯхта шуда, 7 объект ё амвол ба маблағи 55,5 млн сомонӣ ба тавозуни дигар мақомот гузаронида шудааст.

Ба иттилои ӯ, то имрӯз, 152 объект ба мабалғи 2 млрд 621,5 млн сомонӣ фурӯхта ва ё ба тавозуни дигар мақомот дода нашудааст.

Аз ҷумла, 111 объект бо маблағи 759,5 млн сомонӣ аз “Агроинвестбонк” ва 37 объект ба мабалғи 1 млрд 862 млн сомонӣ аз “Тоҷиксодиротбонк” то ҳол фурӯхта ва ё ба тавозуни дигар мақомот дода нашудааст.

Дар маҷмуъ, ду бонки мушкилдор 215 амвол ё объект доштаанд, ки маблағи умумии он 2 млрду 969,9 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз ин, 158 объект ба мабалғи беш аз 1 млрд сомонӣ ба “Агроинвестбонк” ва 57 объект бо маблағи 1,9 млрд сомонӣ ба Тоҷиксодиротбонк тааллуқ доштаанд.

Ёдовар мешавем, ки Саъдӣ Қодирзода, раиси пешини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли 2023 гуфта буд, ки дар соли 2022 дар маҷмӯъ, 8 иншооти "Агроинвесбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба маблағи беш аз 20 млн сомонӣ фурӯхта шуд.

Номбурда илова карда буд, аз 157 иншооти “Агроинвестбонк” ва 57 иншооти “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 80 адади он фурӯхта шудааст ё ба иҷора дода шудааст.

Ба гуфтаи номбурда, аз ин панҷ иншоот ба маблағи беш аз 13,5 млн тариқи музояда ва 3 иншооти дигар тариқи шартномавӣ ба маблағи 9 млн сомонӣ фурӯхта шудааст.

Бояд гуфт, ки қаблан, дар як музояда нархи ибтидоии бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шуда буд. Бо гузашти ду сол аз ин музояда то ҳол ин ду бинои муаллиқ ба “Тоҷиксодиротбонк” фурӯхта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи буҳрони бонкӣ дар моҳи соли 2016 ду бонки низомсози кишвар – "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.

БМТ иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро 21 майи соли 2021 бозхонд карда буд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли гузашта гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” 1 миллиарду 243 миллион сомонӣ уҳдадориҳояш боқӣ мондааст ва то пурра рафъ кардани ин қарзҳо масъалаи барҳамдодани бонк ба мавқуф гузошта шудааст.

Ӯ афзуда буд, ки дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” 3 млрд 888 млн сомонӣ, яъне бештар аз уҳдадориҳояш аст.

“Агроинвестбонк” – бонки дигари муфлисшуда ҳам, то 31-уми декабри соли 2022, бештар аз 1 млрд 600 млн сомонӣ дороиҳо ва 1 млрд 400 млн сомонӣ уҳдадорӣ дорад.

Амонатгузорону пасандозгузорони ин бонкҳо, солҳо инҷониб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки наметавонанд маблағҳои худро бозпас гиранд ва мудирони махсусу барҳамдиҳандагони Бонки миллии Тоҷикистон таъинкарда ҳам наметавонанд ба доди онҳо расидагӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.