Дар Душанбе ба зилзила тобоварии биноро санҷиданд. Тобовар аст?

Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иқтидори борбардории сутунҳоро дар бинои маҷмааи истиқоматии «Чорсу Плаза», ки сохтмонаш ҷараён дорад, мавриди озмоиш қарор доданд. Ин усули озмоишӣ дар пайи заминларзаи соли 2023 дар Туркия ва Сурия таҳия шудааст, ки хисороти ҷиддӣ ва талафоти ҷонӣ ба бор оварда буд. Санҷишҳо аз ҷониби лабораторияи махсуси озмоиши сутунҳои таҳкурсии Кумитаи […]

Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иқтидори борбардории сутунҳоро дар бинои маҷмааи истиқоматии «Чорсу Плаза», ки сохтмонаш ҷараён дорад, мавриди озмоиш қарор доданд. Ин усули озмоишӣ дар пайи заминларзаи соли 2023 дар Туркия ва Сурия таҳия шудааст, ки хисороти ҷиддӣ ва талафоти ҷонӣ ба бор оварда буд.

Санҷишҳо аз ҷониби лабораторияи махсуси озмоиши сутунҳои таҳкурсии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гузаронида шуданд.

Санҷишҳо бо истифода аз домкратҳои гидравликӣ гузаронида шуданд, ки фишорро ба сутунҳои такягоҳӣ тадриҷан зиёд мекард. Дар баробари ин, маълумот дар бораи ҷойгирӣ ва тағйири шакли сутунҳо сабт шуда, инчунин онҳо бо нишондиҳандаҳои ҳисобшуда муқоиса карда шуданд.

Бо ин роҳ муайян кардан мумкин буд, ки сутунҳои интихобшуда то чӣ андоза барои лоиҳаи мазкур мувофиқанд ва борбардории ҳадди ниҳоии онҳо чӣ қадар аст.

Ба рӯзноманигорон имкон дода шуд, ки рафти санҷишҳоро мушоҳида кунанд ва ба мутахассисон саволҳо диҳанд.

Аз рӯи натиҷаҳои озмоиш маҷмаае, ки сохта мешавад (паймонкор – ширкати сохтмони “Бинокорон”) чунон ки маълум шуд, ба заминҷунбии то 9 балл тобовар аст, ки ин ба бехатарӣ ва эътимоднокии он кафолат медиҳад. Ба ҳар ҳол, мутахассисони Кумита чунин изҳори назар карданд.

Озмоишгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сутунҳоро барои лоиҳаҳои гуногуни сохтмонӣ месанҷад ва барои интихоби беҳтарину қавитарини андоза, навъ ва тарҳи сутунҳои такягоҳ кумак мекунад. Ин барои бунёди таҳкурсии устувору қавӣ, ки дар зери таъсири зилзила вайрон нашавад, муҳим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.