Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавононро мизбонӣ мекунад

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар ҷараёни мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд дар бораи баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар Душанбе созишнома ба имзо расониданд. Баргузории чемпионат моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. “Баргузории Чемпионати ҷаҳон миёни напврасону ҷавононро ба Тоҷикистон бовар карданд! Ин чорабинии […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар ҷараёни мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд дар бораи баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар Душанбе созишнома ба имзо расониданд. Баргузории чемпионат моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Баргузории Чемпионати ҷаҳон миёни напврасону ҷавононро ба Тоҷикистон бовар карданд! Ин чорабинии бошукӯҳ барои ҷудои тоҷик як қадами муҳим буда, нақш ва нуфузи афзояндаи онро дар арсаи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад», – иброз дошт муовини раиси Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ Эргаш Маҳмадбеков.

Ба гуфтаи ӯ, қарори IJF эътирофи дастовардҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мебошад.

«Комёбии бузурги Гран При Душанбе 2023, “Тоскулоҳи бузург”-и пешбинишуда дар Душанбе дар соли 2024 ва акнун Чемпионати ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон низ – ҳамаи ин аз рушди босуръати ҷудо дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва мақоми кишварро ҳамчун яке аз марказҳои пешбари ин намуди варзиш натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ тасдиқ мекунад», – гуфт ӯ.

Маҳмадбеков зикр кард, ки Чемпионати ҷаҳон-2024 барои натанҳо ҷудокорони тоҷик, балки барои тамоми дӯстдорони варзиши кишвар рӯйдоди фаромӯшнашаванда хоҳад буд. Ин натанҳо як фурсати нодир барои варзишгарони ҷавони Тоҷикистон ҷиҳати нишон додани маҳорату малакаи худ дар арсаи ҷаҳонӣ аст, балки мухлисон низ шоҳиди набардҳои ҷолиби беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон хоҳанд шуд.

“Имзои созишнома дар бораи баргузории Чемпионати ҷаҳон-2024 лаҳзаи таърихӣ барои ҷудои Тоҷикистон буда, ҷиҳати рушди он саҳифаи нав боз мекунад. Бовар дорам, ки ин чорабинӣ ба ҷашни ҳақиқии варзиш табдил хоҳад ёфт”, – илова намуд Маҳмадбеков.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.