Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд

Имрӯз, 18-уми апрел, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд ва ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шахсан пешвоз гирифт. Баъдан маросими истиқболи расмии президенти Ӯзбекистон дар майдони Қасри миллат баргузор шуд. Ба ифтихори ташрифи давлатии президенти Ӯзбекистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд. Баъди анҷоми маросими истиқболи […]

Имрӯз, 18-уми апрел, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд ва ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шахсан пешвоз гирифт.

Баъдан маросими истиқболи расмии президенти Ӯзбекистон дар майдони Қасри миллат баргузор шуд.

Ба ифтихори ташрифи давлатии президенти Ӯзбекистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Таъкид гардид, ки Ӯзбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот масоили тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ низ баррасӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.

Дар рафти мулоқот зикр шуд, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшанд.

Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид.

Нахуст, сарони ду давлат Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни ду кишварро имзо карданд.

Сипас, аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмӣ табодули санадҳои нави имзошуда сурат гирифт.

Аз ҷумла, ҷиҳати рушди муносибатҳои байни минтақавии ду кишвар 6 созишнома оид ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳиму афзалиятноки сарҳад, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саноат, алоқаи ҳавоӣ, алоқаи байналмилалии автомобилӣ, сохтмони пул, комплекси агросаноатӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, сайёҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.