Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад ва дар ин ҷашн ширкат меварзад. Дар ин бора бо такя ба як манбааш РИА “Новости” хабар медиҳад. “Ба хотири ин чорабиниҳо бахшида ба 79‑умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Душанбе рӯзи 8‑уми май баргузор мешаванд”, – гуфтааст манбаъи […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад ва дар ин ҷашн ширкат меварзад. Дар ин бора бо такя ба як манбааш РИА “Новости” хабар медиҳад.

“Ба хотири ин чорабиниҳо бахшида ба 79‑умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Душанбе рӯзи 8‑уми май баргузор мешаванд”, – гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабари мазкурро ба Азия-Плюс тасддиқ ё рад накарданд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин аз роҳбари кишвари Русия барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ба муносибати таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав даъватнома дарёфт намуд.

Эмомалӣ Раҳмон меҳмони танҳо дар Маскав нахоҳад буд. Мувоффиқи иттилои Интерфакс, ки бо такя ба хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон навиштааст, “раисҷумҳури Қирғизистон Садир Жапаров рӯзҳои 8‑9 уми май дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба ширкат менамояд”.

Маълум нест, ки дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд ва ё на.

Иштироки сарони кишварҳои ИДМ дар Рӯзи Ғалаба дар Маскав ҳамасола сурат мегирад. Бояд зикр намуд, ки соли гузашта низ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав иштирок намуда буд.

Дар соли 2023 дар Рӯзи Ғалаба президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, ва сарвазири Арманистон  иштирок намуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.