Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар паради Ғалаба дар Маскав

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба дар Маскав иштирок кард. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл президенти Русия Владимир Путин истиқбол гирифт. “Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба дар Маскав иштирок кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл президенти Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

“Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён ва техникаи ҳарбӣ иштирок карданд”, – омадааст дар хабар дафтари матбуоти президент.

Зикр мегардад, ки баъди анҷоми расми паради низомӣ дар Майдони Сурх президенти Тоҷикистонва сарони давлатҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги харобиовари солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 май зимни гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард.

То сафар ба Маскав Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе ҳузур дошт.

Дар паёми шодбошӣ ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки:

“Мардуми Тоҷикистон, ки дар тӯли асри гузашта бори дуюм ба давраи вазнину ҳалокатбор гирифтор гардида, дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бештар аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – зиёда аз 150 ҳазор фарзандони худро аз даст доданд, оқибатҳои вазнини аъмоли харобиовари неруҳои экстремистиву террористӣ ва пайомадҳои фоҷиабори ин зуҳуроти нангинро ҳаргиз фаромӯш намекунанд”.

“Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ҳастем”, – таъкид дошт президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.