Мошинҳои калонҳаҷми боркаши Тоҷикистон мунтазири тартиби нави боркашонӣ тариқи Ӯзбекистон

Ронандагони мошинҳои боркаши калонҳаҷми Тоҷикистон аз ба дарозо кашидани ҷараёни ҷорисозии гузариши (убури) транзитӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон бидуни пешниҳои санади иҷоза (рухсатнома) шикоят мекунанд. Ронандагони мошинҳои боркаш зикр мекунанд, ки барои гузаштан аз қаламрави кишвари ҳамсоя то ҳол рухсатнома талаб карда мешавад, ҳарчанд қаблан зикр гардида буд, ки ҳукуматҳои ду кишвар санадеро ба имзо расонидаанд, […]

Ронандагони мошинҳои боркаши калонҳаҷми Тоҷикистон аз ба дарозо кашидани ҷараёни ҷорисозии гузариши (убури) транзитӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон бидуни пешниҳои санади иҷоза (рухсатнома) шикоят мекунанд.

Ронандагони мошинҳои боркаш зикр мекунанд, ки барои гузаштан аз қаламрави кишвари ҳамсоя то ҳол рухсатнома талаб карда мешавад, ҳарчанд қаблан зикр гардида буд, ки ҳукуматҳои ду кишвар санадеро ба имзо расонидаанд, ки ба гузариши транзитӣ бидуни доштани ин санади иҷоза ба онҳо ҳуқуқ медиҳад.

Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018  дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 апрел имзо карда шуд.

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки мувофиқи Протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.

“Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад”, – шарҳ дода буд Вазорат.

Рухсатнома – санади якдафъаинаи иҷоза барои гузариши воситаи нақлиёти як кишвар бо бори вазнин, калонҳаҷм ё хатарнок тариқи қаламрави кишвари дигар мебошад. Ба ҳар як санад рақами махсус дода мешавад. Дар гумрук рухсатнома баста шуда, истифодаи такрории он манъ аст. Рухсатномаҳо барои боркунӣ ё фаровардани бор, инчунин барои транзит дода мешаванд.

Санади мазкур ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад. Ронандагони мошинҳои боркаш борҳо шикоят карда буданд, ки рухсатномаро тариқи миёнаравҳо бо нархи баланд дастрас мекунанд. Моҳи сентябри соли 2021 ронандагони мошинҳои боркаш ҳатто дар назди бинои Вазорати нақлиёт даст ба гирдиҳамойӣ зада буданд.

Он замон ронандагон шикоят доштанд, ки то моҳи сентябр як рухсатномаро ба онҳо бо нархи 60 доллар мефурӯхтанд, сипас нархро то 400 доллар боло бурданд, ҳарчанд дар Вазорати нақлиёт изҳор дошта буданд, ки ин санад дар асл ҳамагӣ 84 сомонӣ (7,5 доллар) нарх дорад.

Пас чаро он то ҳол кор намекунад?

Дар ҳамин ҳол, дар матни протокол, ки чанд рӯз пеш дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуд, дақиқ карда мешавад, ки танҳо “гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш аз ҳудуди давлатҳои "Тарафҳои Аҳдкунанда" бидуни варақаҳои рухсатнома амалӣ мегардад”.

Боркашонии дуҷониба мисли пешин “дар асоси рухсатномаҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳо додашуда амалӣ карда мешавад”.

Илова бар ин, дар санад гуфта мешавад, “барои гузариши воситаҳои нақлиёти боркаши холӣ низ ҳангоми ҳамлу нақли дуҷониба варақаҳои рухсатнома талаб карда мешавад”.

“Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки протоколи имзошуда баъди тасвиби (ратификатсияи) он аз ҷониби парлумонҳои ҳарду давлат  ҳукми қонунӣ мегирад.

Ҳоло бошад, санад ҳатто дар сатҳи Шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ нашудааст. Ҳамчунин протокол аз ҷониби парлумони Ӯзбекистон низ тасдиқ нашудааст.

Мутобиқи қонуни ҶТ “Дар бораи шартномаҳои давлатӣ”, “тасдиқ – тарзи изҳори розигии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии ҶТ ҷиҳати ҳатмӣ будани шартномаи давлатӣ, ки дар Қонуни мазкур ё худи шартномаи давлатӣ пешбинӣ ва аз ҷониби намояндаи ваколатдори он имзо шудааст”. Яъне, тасдиқ ҷараёни мувофиқаи қарордоди байнулмилалӣ бо палатаи поёнии парлумон ва ҳукми қонунӣ додан ба он мебошад. Муҳлатҳои тасдиқ дар қонуни зикршуда пешбинӣ нашудаанд.

Пас аз тасдиқ чунин санадҳо барои имзо ба сарвари давлат пешниҳод мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.