Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд

Додгоҳи шаҳри Бохтар ду масъули марказҳои дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион”-ро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати танзими фаъолияти марказҳо 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст. Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, шаби 28-уми майи соли 2024 зимни як чорабинии мақсаднок кормандони милитсия муайян кардаанд, ки дар маркази дилхушии […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Бохтар ду масъули марказҳои дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион”-ро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати танзими фаъолияти марказҳо 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, шаби 28-уми майи соли 2024 зимни як чорабинии мақсаднок кормандони милитсия муайян кардаанд, ки дар маркази дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион” дар шаҳри Бохтар қоидаҳои реҷаи кории шабона риоя нашуда, оромии аҳолии гирду атроф халалдор мегардад.

“Масъулини марказҳои дилхӯшии болозикргардида ба ҷои ислоҳи камбудиҳо новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ фаъолияти хизматрасониро берун аз реҷаи муқарраргардида идома додаанд”, – таъкид мешавад дар хабари Раёсат.

Дар пайи ин, нисбати ду нафар – Фирдавс Бобоалиев, раиси маркази дилхушии “Рауфӣ” ва Абдувоҳид Алимов, маъмури маркази дилхушии “Лион” протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо бо қарори додгоҳ 5 шабонарӯз ҳабс шудаанд.

Бояд зикр кард, ки санҷишу назорати кори марказҳои дилхуши дар шаҳри Бохтар пас аз интиқоди Маҷид Муминзода, раиси шаҳр пурзӯр гардид. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти марказҳои дилхушии шаҳр танқид карда гуфта буд, ки фаъолияти онҳо минбаъд зери назорати қатъи гирифта мешавад ва дар сурати риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои шаҳрдорӣ, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ то ҳаддӣ маъни фаъолият андешида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.