Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе супориш додааст, ки то 1-уми сентябри соли 2025 ҳамаи таксиҳои пойтахт ба электромобил ё нақлиёти барқӣ гузаранд, хабар медиҳад ҳукумати шаҳри Душанбе. Ӯ дар ин бора қарори дахлдор имзо шудааст ва он дирӯз, 6-уми июн расонаӣ шуд. “Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе супориш додааст, ки то 1-уми сентябри соли 2025 ҳамаи таксиҳои пойтахт ба электромобил ё нақлиёти барқӣ гузаранд, хабар медиҳад ҳукумати шаҳри Душанбе.

Ӯ дар ин бора қарори дахлдор имзо шудааст ва он дирӯз, 6-уми июн расонаӣ шуд.

“Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғуланд, дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 чораандешӣ намоянд”, – омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Ин қарор дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 қабул шудааст.

Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, барои рушди нақлиёти барқӣ дар кишвар дар панҷ соли оянда тақрибан 230 миллион сомонӣ (21 миллион доллар) ҷудо карда мешавад. Аз ин маблағ 1,4 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, 6,2 миллион сомонӣ аз ҷониби шарикони рушд дода мешавад ва зиёда аз 221 миллион сомонӣ аз ҷониби бахши хусусӣ сармоягузорӣ мешавад.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, то охири соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1600 мошини барқӣ ё электромобил ба аҳолӣ хидмат мерасонад, ки 800 адади он дар Душанбе аст.

Ба маълумоти ҳукумати шаҳр, то моҳи ҷорӣ дар маҷмӯъ дар шаҳр зиёда аз 4350 адад таксӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 2451 мошини барқӣ мебошанд. Дар шаҳр 12 ширкати хизматрасонӣ дар соҳаи таксӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар пойтахт 136 истгоҳи барқӣ фаъолият мекунад.

Аз ҳукумати шаҳри Душанбе таъкид карданд, ки гузариши пурра ба мошинҳои барқӣ барои таксиҳои пойтахт қадами муҳимест ба сӯи беҳтар кардани вазъи экологӣ дар шаҳр ва паст кардани сатҳи ифлосшавии ҳаво.

Дар Тоҷикистон палатаи поёнии парлумон ҳанӯз соли 2022 қарор қабул карда буд, ки воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ба мӯҳлати 10 сол озод карда мешавад. Аммо мушкилоти асосие, ки харидорони мошинҳои барқӣ бо он рӯбарӯ ҳастанд, қимати баланди он аст.

Кирокашони нақлиёти барқӣ мегӯянд, сабаби аслии пешниҳоди нархномаи монанд ба кирокашони анъанавӣ (бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда) гаронии нақлиёти барқӣ аст. Онҳо таъкид мекунанд, ки бояд тақрибан як сол мунтазам кор кунанд, то хароҷоти хариди нақлиётро пӯшонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.