Дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов расман ба “Ростов” гузашт

Дар дастаи "Ростов" (Ростови лаби Дон, Русия) тафсилоти шартнома бо футболбози 25-соларо ошкор накардаанд, аммо қаблан зикр гардида буд, ки маблағи трансфер (гузариш) тақрибан 230-250 ҳазор евро мебошад. Дарвозабон Рустам Ятимов аз соли 2018 дар тими “Истиқлол” (Душанбе) бозӣ карда, аз ҳамин даста ба "Ростов" гузашт. Тавре ки Transfermarkt хабар медиҳад, дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Дар дастаи "Ростов" (Ростови лаби Дон, Русия) тафсилоти шартнома бо футболбози 25-соларо ошкор накардаанд, аммо қаблан зикр гардида буд, ки маблағи трансфер (гузариш) тақрибан 230-250 ҳазор евро мебошад.

Дарвозабон Рустам Ятимов аз соли 2018 дар тими “Истиқлол” (Душанбе) бозӣ карда, аз ҳамин даста ба "Ростов" гузашт.

Тавре ки Transfermarkt хабар медиҳад, дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов бо "Ростов" ба муҳлати 5 сол шартнома имзо кардааст.

"Ӯ бо бозингарон ва ҳайати мураббиёни "Истиқлол" хайрухуш карда, 18 июн ба Русия меравад ва ба ҷамъомади машқу тамринҳои дастаи нави худ ҳамроҳ мешавад", – хабар дод директори варзиши "Истиқлол" Нуриддин Давронов.

Дар мавсими 2023/2024 Ятимов дар Лмигаи олии кишвар дар ҳайати дастаи “Истиқлол” 7 бозӣ гузаронида, ба дарвозааш 4 гол зада шуд.

Нархи дарвозабон дар бозор, тибқи маълумоти Transfermarkt, 1,2 млн евроро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи намояндагони "Ростов", пеш аз имзои қарордод ин даста давоми як  сол Рустам Ятимовро назорат мекард. Мураббӣ Виталий Кафанов ӯро боз ҳам зиёдтар зери назорат доштааст. Даста қаблан ҳам кӯшиш мекард, ки бо ӯ шартнома бандад, аммо он вақт дарвозабонро фурӯхтан намехостанд.

Рустам тарбияёфтаи дастаи футболи "Волга" мебошад. Аз соли 2018 дар "Истиқлол"-и Душанбе бозӣ карда, дар ҳайати ин даста 92 бозӣ гузаронидааст ва дар 39 вохӯрӣ дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ доштааст.

Ӯ 6 маротиба ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон ноил гардида, инчунин 4 маротиба соҳиби Ҷом ва Суперҷоми кишвар мебошад. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар 44 бозӣ иштирок кардааст.

"Рустамро дар дастаи дӯстонаи худ шодбош мегӯем! Ба ӯ бозии боэътимод дар дарвозаи "Ростов" орзумандем!” – таъкид намудаанд дар хадамоти матбуоти даста.

Рустам Ятимов дар Нижний Новгород таваллуд шуда, дар дастаи ин шаҳр ба бозии футбол оғоз кард. Соли 2016 бо "Волга", ки дар Лигаи миллии футбол (ФНЛ) бозӣ мекард, шартнома баст, аммо дере нагузашта ин даста ба муфлисӣ дучор шуд.

Соли 2018 Ятимов шиносномаи Тоҷикистонро гирифта, барои бозӣ дар ҳайати дастаи миллӣ ҳуқуқ пайдо кард. Бозии аввалинашро 7 июни 2019 дар вохӯрии дӯстона бо тими Афғонистон гузаронид.

Аз моҳи январ то июни 2017 дарвозабон дар "Истиқлол" тариқи иҷора бозӣ мекард ва моҳи январи соли 2018 ба таври доимӣ ба ин даста гузашт.

Ятимов 6 маротиба қаҳрамони кишвар (солҳои 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023), 4 маротиба ғолиби Ҷом (2018, 2019, 2022, 2023) ва 4 маротиба соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон (2019, 2020, 2021, 2022) мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.