То 86 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 2 соли зиндон. Ҷазо барои монеъ шудан ба таҳсили хонандагон сангин шуд

Дар Тоҷикистон ҷазо барои монеъ шудан ба таҳсили хонандагон то синфи 11 сангинтар шуда, то 86 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҳатто то 2 соли зиндон пешбинӣ гардид. Дар ин робита ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид. Дар асоси моддаи 164-и тағйиру иловаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҷазо барои монеъ шудан ба таҳсили хонандагон то синфи 11 сангинтар шуда, то 86 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҳатто то 2 соли зиндон пешбинӣ гардид. Дар ин робита ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Дар асоси моддаи 164-и тағйиру иловаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба андозаи аз 1 ҳазор то 1 ҳазору 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ мешавад.

Ҳоло 1 нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст ва барои монеъ шудан ба таҳсил аз 72 ҳазор то 86 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима муқаррар мегардад.

Қонунгузорӣ ғайр аз ин, гузинаи корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 180 то 240 соат ё то 2 соли зиндонро ҳам пешбинӣ кардааст.

Ғайр аз ин, ҷазои моддаи 174 (иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) дар таҳрири нав сангинтар шуда, мутобиқи он аз 700 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (50 ҳазору 400 то 72 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 200 то 240 соат ё то 2 соли зиндон ҷазо дода мешавад.

Қаблан таҳсил то синфи 9-ум ҳатмӣ буда, хониши синфҳои 10 ва 11 ихтиёрӣ дониста мешуд. Дар асоси тағйироте, ки рӯзи 20-уми феврал аз сӯи вакилони парлумони кишвар ба қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид.

Дар сурати қатъи таҳсил, бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома дод.

Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд.

То ба ҳол ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) пешбинӣ шуда буд.

Ин ҳолат боис гардида буд, ки теъдоде аз хонандагони мактаб, махсусан духтарон пас аз хатми синфи 9 қатъи таҳсил кунанд. Одатан дар манотиқи дурдасти кишвар духтаронро пас аз қатъи таҳсил дар синфи 9 ба шавҳар медоданд, ки боиси интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.