Тими футболи “Куктош” Лигаи олиро тарк мекунад?

Пас аз бозӣ дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо "Хуҷанд" (0:3) маълум шуд, ки дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор шудааст: он дар остонаи муфлисшавӣ қарор дорад. Дар ин бора як манбаъ аз доираҳои футболи кишвар изҳори назар кард. "Куктош" метавонад Лигаи олии футболи кишварро тарк ва чемпионат аз як даста маҳрум шавад. […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Пас аз бозӣ дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо "Хуҷанд" (0:3) маълум шуд, ки дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор шудааст: он дар остонаи муфлисшавӣ қарор дорад. Дар ин бора як манбаъ аз доираҳои футболи кишвар изҳори назар кард.

"Куктош" метавонад Лигаи олии футболи кишварро тарк ва чемпионат аз як даста маҳрум шавад. Дастаи ноҳияи Рӯдакӣ дар бӯҳрони шадид қарор дорад ва метавонад аз Лигаи олии футболи Тоҷикистон хориҷ шавад," – гуфт манбаъ.

Дастаи футболи "Куктош", ки соли гузашта дар Чемпионати Тоҷикистон ҷои чорумро ишғол карда буд, қаблан низ бо мушкилоти молиявӣ рӯбарӯ шуда буд, вале баъд аз муддате тавонист вазъиятро ба эътидол орад. Ин дафъа кор чӣ гуна ҷараён мегирад, ҳоло номаълум аст.

Бевосита дар худи дастаи “Куктош” дарёфти маълумот дар ин бора муяссар нашуд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои футболи Тоҷикистон тез-тез ба мушкилоти молиявӣ дучор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта тими "Файзканд"-и Восеъ низ ба буҳрон дучор шуд. Ба ҳар ҳол, даста тавонист то охири мавсими 2023 бозӣ кунад ва чемпионатро ба поён расонад. Дар худи даста изҳор дошта буданд, ки чунин мушкилот муваққатӣ буданд. Бо вуҷуди ин, даста натавонист дар ин мавсим дар лигаи олӣ бозӣ кунад ва ба лигаи аввал гузашт.

Чанд мавсим пеш дастаи "Равшан" аз Зафаробод низ мушкилоти зиёд дошт ва муфлис шуда, аввал аз лигаи олӣ хориҷ шуд ва сипас натавонист мавсимро дар лигаи аввал ба охир расонад.

Дастаи "Вахш" низ чунин мушкилот дошт, вале тавонист аз нобудшавии комил пешгирӣ кунад ва ба муассисаи давлатӣ табдил дода шуд.

Дастаи футболи "Хуҷанд" низ чанд мавсим пеш дар остонаи нобудшавӣ қарор дошта, футболбозон чанд моҳ маош нагирифтанд, вале даста мушкилотро ҳаллу фасл кард.

“Ҳосилот"-и Фархор дар мавсими 2016 дар чемпионат ҷои дуюмро ишғол намуда, лекин, дар мавсими соли 2017 бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ рӯбарӯ шуд. Футболбозон ба дигар тимҳои Тоҷикистон фиристода шуда, даста чемпионатро бо душворӣ дар зинаи охирин ба поён расонд.

Дар мавсими соли 2016 тим "Далерон-Ӯротеппа" низ  натавонист дар лигаи олӣ иштирок кунад ва бо бӯҳрони ҷиддии молиявӣ рӯбарӯ шуд. "Хайр"-и Ваҳдат ва "Парвоз"-и Хуҷанд низ пас аз чемпионати соли 2016 лигаи олиро тарк карданд ва бо душворӣ он мавсимро ба охир расониданд. "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода низ мушкилоти зиёде дошт: футболбозон ба машқҳо намебаромаданд ва беш аз ҳафт моҳ маош нагирифта буданд.

Дар солҳои пешин бисёре аз дастаҳои футболи Тоҷикистон муфлис эътироф гардида, аз байн рафтанд. Аз ҷумла, «Динамо» (Хуҷанд), «Олими Каримзод» (Мастчоҳ), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов), «Спитамен» (Спитамен), «Ҷавонӣ» (Кӯлоб), «Ҳулбук», «Ранҷбар», «Самар-Умед» (Восеъ), «Данғара», СКА (Қумсангир), «Саддам» (Сарбанд), «Файзалӣ Саидов», «Бахтиёр» (Бохтар), «Хӯҷа Карим», «Сафарбек Каримов» (Хуросон), тимҳои Душанбе – «Ситора», «Динамо», «Варзоб», «Бофанда», «Поиск», БДА, «Хима», «Ориёно», «Гвардия», инчунин «Шодмон», «Фаррух».

Ба гуфтаи мураббии футбол аз Душанбе Валерий Юлдошев, қаблан низ мушкилоти молиявӣ ба қатъи фаъолияти дастаҳо боис гардида буданд.

“Бо сабаби норасоии пул, бисёриҳо маҷбур буданд, ки иловагӣ кор кунанд, бархе аз варзиш рафтанд, – гуфт коршинос. –  Ба фикрам, ҳозир ҳам вазъият он қадр бакуллӣ тағйир наёфтааст, ҳамагӣ 2-3 дасти худкифо буда, вазъияти боқимонда начандон маълум аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио