Ба қувваозмоии навбатӣ дар UFC Лоиқ Раҷабов чӣ гуна омодагӣ мегирад?

Қувваозмоӣ дар вазни сабук байни размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов ва намояндаи ИМА Трей Огден дар доираи мусобиқаи UFC Vegas-94 баргузор мешавад. Лоиқ Раҷабов (18-5-1, UFC 2-1) ва Трей Огден (17-6, UFC 2-2-1NC) қувваозмоии худро рӯзи 20 июл мегузаронанд. Имрӯзҳо размикори тоҷик бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба ин рақобат омодагӣ мегирад ва порчае аз ҷараёни машқи […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Қувваозмоӣ дар вазни сабук байни размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов ва намояндаи ИМА Трей Огден дар доираи мусобиқаи UFC Vegas-94 баргузор мешавад.

Лоиқ Раҷабов (18-5-1, UFC 2-1) ва Трей Огден (17-6, UFC 2-2-1NC) қувваозмоии худро рӯзи 20 июл мегузаронанд.

Имрӯзҳо размикори тоҷик бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба ин рақобат омодагӣ мегирад ва порчае аз ҷараёни машқи худро дар саҳифааш дар в Instagram гузоштааст.

 

 

Раҷабови 33-сола рақобати охирини худро моҳи март дар доираи мусобиқаи UFC Vegas 87 бо амрикоӣ Абдул-Карим Ал-Севадӣ баргузор намуд.

Дар ин қувваозмоӣ ӯ рақиби худро дар раунди сеюм бо як зарбаи дасти рост ба нокаут фиристод. Лоиқ Раҷабов 16 ғалаба, 5 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Огдени 34-сола бори охир дар доираи мусобиқаи UFC on ESPN 53 ба майдон баромада, бо қарори якдилонаи доварон бар Курт Холобау дастболо шуд. Ӯ 15 ғалаба ва 6 бохт дошта, 1 рақобаташ эътирофнашуда дониста шуд.

Лоиқ Раҷабов бори нахуст дар UFC дар мавсими соли 2023 пас аз як ҳафтаи ҳунарнамоии Нурулло Алиев иштирок кард.

Ӯ Эстебан Рибовичро мағлуб карда, пас аз як рӯзи имзо қарордод бо UFC аз варзишгари полшагӣ Матеуш Ребетский шикаст хӯрд. Дар рақобати сеюм ӯ бар Абдул-Карим Ал-Севади пирӯз шуд.

Раҷабов яке аз размикорони таҷрибадори ММА аз Тоҷикистон ва Ховари Миёна мебошад.

Ба ҷуз UFC, ӯ дар PFL низ 10 рақобат гузаронида, дар 4 қувваозмоӣ ғолиб омадааст ва дар 4 рақобат шикаст хӯрда, як муҳорибааш мусовӣ анҷом ёфтааст.

То ба ИМА рафтан Лоиқ Раҷабов дар промоушенҳои маҳалии Тоҷикистон, Alash Pride-и Қазоқистон ва Лигаҳои Sprawl & Brawl, GMC, Pro-League Fighting-и Олмон ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.