Аҳмад Масъуд: “Агар мардум Толибонро ҳам интихоб кунанд, мо таслими иродаи мардум мешавем”

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар нишасти Вена, ки бо иштироки теъдоде аз мухолифони Толибон* баргузор мегардад, боз ҳам баргузории интихобот дар Афғонистонро таъкид карда, гуфтааст, ки “агар мардум Толибонро ҳам интихоб кунанд, мо таслими иродаи мардум мешавем”. Ӯ афзудааст, ки “мо ва шумо бояд ба ҷои мардум тасмим нагирем”. Аҳмад Масъуд Толибонро […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар нишасти Вена, ки бо иштироки теъдоде аз мухолифони Толибон* баргузор мегардад, боз ҳам баргузории интихобот дар Афғонистонро таъкид карда, гуфтааст, ки “агар мардум Толибонро ҳам интихоб кунанд, мо таслими иродаи мардум мешавем”.

Ӯ афзудааст, ки “мо ва шумо бояд ба ҷои мардум тасмим нагирем”.

Аҳмад Масъуд Толибонро як мафкураи истихборотӣ унвон карда, гуфтааст, ки “мутааллиқ донистани ин гурӯҳ ба як қавм, забон, дин ва фарҳанги мардум ҷафои бузург аст”.

“Имрӯз, мутаассифона, озодии тамоми шаҳрвандони Афғонистон, новобаста ба қавм ва забон, аз онҳо гирифта шудааст”, – таъкид кардааст Аҳмад Масъуд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддао кардааст, ки дар ибтидои рӯи кор омадан Толибон ҳозир буданд, ки бо онҳо гуфтугӯ кунанд.

“Аммо мо қавм, Панҷшер ва хонаводаамонро фидои Афғонистон кардем”, – афзудааст Аҳмад Масъуд.

Нишасти чаҳорумини Вена бо ҳузури мухолифони Толибон дирӯз оғоз гардид ва то пагоҳ идома мекунад.

Ба навиштаи рӯзномаи “8-и субҳ”,  нишасти имсола дар Австрия бо ҳузури 70 нафар аз 40 созмон ва гурӯҳҳои сиёсӣ, низомӣ ва маданӣ, шахсиятҳои мустақили сиёсиву фарҳангӣ ва рӯзноманигорон баргузор мегардад.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Рангин Додфар Спанто, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири амнияти миллӣ ва Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон аз ширкаткунандагони аршади ин нишаст ҳастанд.

Аммо намояндаи Толибон дар ин нишаст ҳузур надоштааст.

Дар ин нишаст қарор аст, масъалаҳои мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон, робитаҳои байналмиллалӣ ва паёмадҳои минтақаӣ, ҳуқуқи башар ва нақшаи роҳи иқтисодӣ барои оянда, ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами дигар перомуни Афғонистон баррасӣ гарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.