Бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон аввали моҳи июл ифтитоҳ мешаванд

Бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ҳафтаи аввали моҳи июл ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони бинои нави парлумон ва ҳукумат ба итмом расидааст ва ҳоло танҳо корҳои зебокунии гирду атрофи он боқӣ мондааст. “Кори сохтмон тибқи нақша ҷараён дошта, биноҳои нави ҳукумат ва парлумон ҳафтаи […]

Бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ҳафтаи аввали моҳи июл ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони бинои нави парлумон ва ҳукумат ба итмом расидааст ва ҳоло танҳо корҳои зебокунии гирду атрофи он боқӣ мондааст.

“Кори сохтмон тибқи нақша ҷараён дошта, биноҳои нави ҳукумат ва парлумон ҳафтаи аввали моҳи июл кушода мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Гуфтан ба маврид аст, ки Чин барои сохтмони ин биноҳо ба сифати кумаки бебозгашт 1,5 млрд юан маблағ ҷудо карда буд.

Ёдрас мекунем, ки 13 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории Тоҷикистону Чин бар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ (бештар аз 200 млн доллари ИМА) амалӣ карда мешавад.

Аз рӯи лоиҳа, бинои парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои нави парлумон маҷлисҳои якҷоя барои 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Ба иттилои пешакӣ, масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13  ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидаанд.

Ба иттилои дастрас, дар ошёнаҳои бинои ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо бояд сохта шаванд.

Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос ва нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.

Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".