Боздошти директори “Гардуна” барои фиреби беш аз 80 нафар бо ваъдаи корёбӣ дар Чехия

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон директори пешини ҶДММ “Гардуна”-ро бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани беш аз 80 нафар боздошт карда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тавре дар сомонаи ин ниҳод хабар дода мешавад, Рустамов Т.А. дар вазифаи директор оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна” фаъолият намуда, бо роҳбарияти генералии ин ҷамъият бо “маслиҳати […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон директори пешини ҶДММ “Гардуна”-ро бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани беш аз 80 нафар боздошт карда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре дар сомонаи ин ниҳод хабар дода мешавад, Рустамов Т.А. дар вазифаи директор оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна” фаъолият намуда, бо роҳбарияти генералии ин ҷамъият бо “маслиҳати пешакӣ” 82 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб додаанд.

Аз шариконаш директори генералӣ Арабов Б.Г., сармуҳосиб Хушқадамова Т.М. ва шаҳрванди Чехия Васлав С. ном бурда шудааст.

“…аз шаҳрвандон барои дар Чехия бо ҷои кор таъмин намудан дар умум 98 500 сомонӣ ва 50 430 доллари ИМА гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд”, – менависад Агентии зиддифасоди Тоҷикистон.

Ҳоло нисбати Рустамов Т.А. бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Аммо перомуни дигар “шариконаш” иттилое дода намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.