Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 2-юми июл бо сафари расмӣ ба Точикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба маснади сарвазирии Покистон мебошад. Гуфта мешавад, ки сафари Шаҳбоз Шариф бо даъвати расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 2-юми июл бо сафари расмӣ ба Точикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба маснади сарвазирии Покистон мебошад.

Гуфта мешавад, ки сафари Шаҳбоз Шариф бо даъвати расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ду рӯз идома меёбад.

Шаҳбоз Шариф дар доираи ин сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Бояд гуфт, ки моҳи марти имсол Шаҳбоз Шариф, намояндаи ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон дар натиҷаи овоздиҳӣ дар Маҷлиси миллӣ бори дигар сарвазири Покистон интихоб шуд.

Ёдовар мешавем, ки бори охир моҳи декабри соли 2022 Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон омада, бо Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд ва як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.