Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад

Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истифодабарандагонро бо 1,8 млрд метри мукааб ба маблағи 87,2 млн сомонӣ бо об таъмин кардааст. Аммо истифодабарандагони об ҳамагӣ 14% аз маблағи хидматрасонии агентиро пардохт кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 25 июл директори Агентӣ Зафарбек Давлатзода хабар дод. Ӯ зикр кард, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истифодабарандагонро бо 1,8 млрд метри мукааб ба маблағи 87,2 млн сомонӣ бо об таъмин кардааст.

Аммо истифодабарандагони об ҳамагӣ 14% аз маблағи хидматрасонии агентиро пардохт кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 25 июл директори Агентӣ Зафарбек Давлатзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки пардохти маблағи хидматрасонӣ оид ба таъмин бо об омили аслии рушди ин соҳа мебошад.

“Он ба омода кардани шабакаҳои обёрӣ ба мавсим ва таъмини истифодабарандгон бо об барои обёрӣ кумак мекунад. Дар зарфи 6 моҳ истифодабарандгони об барои хидматрасонии таъминот бо об ҳамагӣ 12,2 млн сомонӣ пардохт карданд”, – иброз дошт Давлатзода.

Роҳбари Агентӣ ҳамчунин зикр кард, ки имсол дар Тоҷикистон камбуди об барои обёрии заминҳо ба мушоҳида намерасад.

“Дар каналҳои Оқсу ва Хоҷабоқирғон дар вилояти Суғд, ки баҳор аз Қирғизистон кам об меомад, мушкил вуҷуд дошт, лекин аввали моҳи июн вазъият ба эътидол омад. Имсол дар ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон об бисёр буда, барои обёрӣ кофист”, – изҳор дошт Давлатзода.

Зимнан зикр гардид, ки обхезӣ ба эҳтимоли зиёд бо обшавии босуръати пиряхҳо рабт дорад. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд, ки захираи барф дар аксар ҳавзаҳои дарьёҳо 82%-и нишондиҳандаи бисёрсоларо ташкил медиҳад, ки 16% камтар нисбат ба хамин давраи соли гузашта аст.

Аз 1 январи соли 2024 истифодабарандагони об барои 1 метри мукааб оби обёрӣ барои заминҳо бо назардошти АИИ 5 дирам (пештар 2 дирам) пардохт мекунанд.

Раҳбарияти Агентӣ мегӯяд, бо назардошти болоравии тарифҳо, онҳо тадриҷан қарзҳо аз истифодаи барқро барои кори пойгоҳҳои обкашӣ кам мекунанд.

Имрӯз қарзи Агентӣ ба ширкати “Барқи тоҷик” 132,7 млн сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта он ба 168,4 млн сомонӣ баробар буд.

Барои дастгирии соҳа Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ мекунад, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон”.

Маблағи умумии ин лоиҳаҳо 182,3 млн долларро ташкил медиҳад. То имрӯз 66,6 млн доллар ё худ 37%-и аз нақшаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур азхуд шудааст.

Барои беҳбуди вазъ дар соҳаи обёрӣ Агентӣ ҳамчунин аз мақомоти маҳаллӣ даъват кардааст, ки  ҷиҳати сарвиақт пардохт шудани хидматрасониҳои таъминот бо об чораҷӯӣ намуда, баҳри беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо маблағ ҷудо созанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио