Дар ним сол бар асари офатҳои табиӣ 15 нафар ҳалок шуданд

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари офтаҳои табиӣ дар Тоҷикистон 15 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора имрӯз ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Рустам Назарзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, 9 нафари онҳо дар натиҷаи омадани селҳо, 4 кас – аз зарбаи шарораи раъду барқ ва 2 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари офтаҳои табиӣ дар Тоҷикистон 15 нафар ҳалок шуданд.

Дар ин бора имрӯз ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Рустам Назарзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, 9 нафари онҳо дар натиҷаи омадани селҳо, 4 кас – аз зарбаи шарораи раъду барқ ва 2 нафар – аз фаромадани ярч ба ҳалокат расидаанд.

Раиси Кумита гуфт, ҳаҷми умумии зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар ин давра 139 млн 663 ҳазору 500 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

“Ба сурати умум дар ин давра 532 ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 ҳолат зиёдтар аст”, – гуфт Назарзода.

Зикр шуд, ки давоми 6 моҳ бар асари офатҳои табиӣ ба 164 хона (ба 64-тои он пурра), 1863 иншооти ёрирасон, 6 бинои мактабу кӯдакистон, 66 пул (кӯпрук) ва 294,2 км роҳҳои мошингард зара расонида шудааст. Ҳамчунин ба маблағи 24 млн сомонӣ майдони 2498,59 гектар заминҳои кишт осеб диданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита зикр кард, ки айни замон бар асари офатҳои табиӣ (бо шумули офатҳои моҳи июл)  дар кишвар 79 хона пурра ва 39 хона қисман тахриб шудаанд.

“Ҳукумати кишвар барои сохтмони 118 хона маблағ ҷудо карда, айни замон сохтмони онҳо ҷараён дорад. Барои 79 хонаи тахрибшуда таъминоти пурра бо лавозимоти  рӯзгор ва мебел – “аз сӯзан то телевизору яхдон” пешбинӣ шудааст”, – иброз дошт Назарзода.

Раиси Кумита изҳор намуд, ки ҳозир дар Нуробод (22 хона), Сангвор (17 хона) ва Фархор (36 хона) хонаҳо сохта шуда истодаанд.

“Дар ноҳияи Айнӣ барои сохтмон қитъаи замин ҷудо шуд, – илов намуд Рустам Назарзода. – Сохтмон бояд ояндаи наздик баъди анҷоми расмиёти дахлдор оғоз гардад. Дар ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офат 7 хона пурра ва 8 хона қисман тахриб шуданд, 17 хона сохта мешавад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.