Тӯли ним сол дар Тоҷикистон 86 нафар дар об ғарқ шуданд

Аз оғози сол дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду ҳолат бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Тавре ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, миёни ҳалокшудагон синни 8 нафарашон то 4-сола, 9 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз оғози сол дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду ҳолат бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Тавре ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, миёни ҳалокшудагон синни 8 нафарашон то 4-сола, 9 кас – аз 5 то 10-сола, 23 нафар – аз 11 то 16-сола, 28 кас – аз 17 то 35-сола ва 8 нафар – синни аз 35-сола болотар мебошанд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки аз теъдоди умумии ғарқшудагон 26 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ба иттилои Кумита, дар 25%-и ҳолатҳо одамон бо сабаби беэҳтиётӣ ва дар 19%-и ҳолатҳо – дар робита ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо ҳалок шудаанд.

Дар 12%-и ҳолатҳо сабабҳои ғарқшавӣ номаълум буда, дар 9%-и ҳолатҳо одамон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ғарқ шудаанд, 9%-и ҳолатҳо ба фориғболиву хунукназарии волидон, 5% – дар робита ба худкушӣ даст задан ва 2% – дар натиҷаи мастӣ аз машрубот марбутанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.