Қариб 1 млрд доллар. Тоҷикистон ба куҷо, чӣ ва чӣ қадар содирот кардааст?

Ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 997 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319 млн доллар ё 47% бештар аст. Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, раиси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 997 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319 млн доллар ё 47% бештар аст. Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, раиси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 гардиши савдои хориҷии кишвар 4 млрд 413 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 млн доллар ё ин ки 29% бештар аст.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар ҳамин давра 969 млн долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо 6 моҳи аввали соли гузашта 314 млн ё 48,1% зиёдтар аст. Дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ бошад, ба маблағи 28 млн доллар дар ҳаҷми 77 200 тонна содирот шуд, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта  4,7 млн доллар ё 19,4% бештар аст.

5 маҳсулоти бештар содиршудаи Тоҷикистон:

– сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ба маблағи 298,5 млн доллар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 млн доллар бештар);

– нахи пахта ба маблағи 95,6 млн доллар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 млн доллар бештар);

– алюминии аввалия ба маблағи 90,4 млн долллар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64,6 млн доллар бештар);

– сурма ба маблағи 88,3 млн доллар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,1 млн доллар бештар);

– миси тозакардашуда ба маблағи 19,9 млн долдар (оид ба ҳамин давраи соли гузашта маълумот дастрас нест).

5 кишваре, ки Тоҷикистон молу маҳсулоти бештар содирот​​​​​​​кардааст:

– Швейтсария – 298,5 млн доллар;

– Чин – 186,8 млн доллар;

– Қазоқистон 118,7 млн доллар;

– Туркия 111,1 млн доллар;

– Ӯзбекистон 80,4 млн доллар.

Ба иттилои Агентии содирот, ин ниҳод дар 6 моҳи аввали соли равон ба Қазоқистон, Русия ва Беларус 1446 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1995 тонна пиёз, 275 тонна олу, 40 тонна лаблабу, 18,5 тонна шафтолу ва 17,5 тонна қаламфури булғориро содирот кардааст.

 

Содироти ба Афғонистон бояд идома ёбад

Ба гуфтаи Баҳриддин Сироҷиддинзода, айни ҳол дар назди гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поён масъалаи ташкили минтақаи содиротӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда истодааст ва ин ба беҳтар шудани муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Ба қавли ӯ, ин ба муносибатҳои расмӣ алоқае надорад, “содирот бояд давом ёбад”.

“Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ бо Афғонистон муносибати расмӣ надоранд, лек муносибатҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд ва ҳатто дар он ҷо хонаи савдо боз кардаанд. Ин минтақа имкон медиҳад, ки маҳсулоти мо ҳам ба Афғонистон ва тавассути он ба Покистон содир шавад. Таъмини бехатарии содиротро ҳам Афғонистон ва ҳам Покистон ба уҳда гирифтаанд” – гуфт Сироҷиддинзода.

Ба иттилои Агентӣ, маҳсулоти асосие, ки аз Тоҷикистон ба Афғонитсон содирот мешавад мева ва донагӣ, аз ҷумла писта, чормағзи заминӣ, қаламфур, донагиҳо барои кишт, тухми мурғ ва ангишт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио