Дар Тоҷикистон шумори садамаҳои нақлиёти марговар афзудааст

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2023 – 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода хабар дод. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳо 11,8%, теъдоди ҷабрдидагон – […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2023 – 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода хабар дод.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳо 11,8%, теъдоди ҷабрдидагон – 13,3% ва ҳалокшудагон – 22,3% зиёд шудааст.

“Сабабҳои зерин ба садамаҳо боис шудаанд: баланд кардани суръати ҳаракат – 58,6%, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат дар роҳ – 25%, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ – 10% ва дигар навъҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани мошин – 7%”, – иброз дошт муовини вазир.

Зикр шуд, ки 7 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки ноболиғон рух дода, дар натиҷа 7 нафар ҳалок ва 4 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ӯ зикр кард, ки ноболиғон аз ҳузур надоштани волидайни истифода бурда, пинҳонӣ сари чанбарак нишастаанд. Ҳамчунин дар ин давра 3 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки донишҷӯён ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 1 нафар ҳалок ва 3 кас ҷароҳат гирифтаанд.

Ғайр аз ин, 11 ҳолати бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарсҳо омадани донишҷӯён ба қайд гирифта шуда, нисбати онҳо протоколҳо тартиб дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо ба дарс омадан бо автомашинаҳои шахсӣ қатъиян манъ аст. Касоне, ки ин қоидаро риоя намекунанд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд. Чунин тағйирот ба қонунгузорӣ тобистони соли 2017 аз ҷониби парлумон қабул шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.