БОР ба беҳбуди солимии модарону кӯдакон дар Тоҷикистон кумак мекунад

Бонки осиёии рушд (БОР) барои беҳтар намудани хидматрасониҳо дар соҳаи ҳифзи модарону кӯдакон дар Тоҷикистон ба маблағи 30 млн доллар грант ҷудо кард. Тавре ки дар хабари бонк зикр мешавад, лоиҳа се ноҳия – Айнӣ, Данғара ва Дарвозро фаро гирифта, дар ин ноҳияҳо муассисаҳои муосири тиббӣ сохта мешаванд. Гуфта мешавад, дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) барои беҳтар намудани хидматрасониҳо дар соҳаи ҳифзи модарону кӯдакон дар Тоҷикистон ба маблағи 30 млн доллар грант ҷудо кард.

Тавре ки дар хабари бонк зикр мешавад, лоиҳа се ноҳия – Айнӣ, Данғара ва Дарвозро фаро гирифта, дар ин ноҳияҳо муассисаҳои муосири тиббӣ сохта мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона бо 40 ҷой ва дар Данғара таваллудхона бо 80 ҷой дар назар буда, дар ноҳияи Дарвоз сохтмони беморхонаи марказӣ барои 100 ҷой ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои сарфаи барқ, ки ба шароити иқлими минтақа мутобиқанд, муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.

“Ба ҷорисозии низоми рақамии идоракунии амволу дороиҳо (OpenMEDIS), ки баҳисобгирии самаранок ва хидматрасонии таҷҳизоти тиббиро таъмин мекунад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд, – омадааст дар хабар. – Барои кор бо низом ҳайати кормандони муассисаҳо аз давраҳои омӯзишӣ мегузаранд”.

Ин лоиҳа илова ба гранти ҷории БОР дар ҳаҷми 32 млн доллар аст, ки соли 2018 дар доираи барномаи “Кумаки комплексӣ ба ҳифзи солимии модару кӯдак” мебошад. Ин лоиҳа ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди хидматрасониҳои тиббӣ дар ноҳияи Файзобод, Рашт ва Шамсиддини Шоҳин кумак мерасонад.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.

Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон – аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия – ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.