Аз дарёи Сир ҷасади як ҷавонро берун карданд

Кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷасади як ҷавони 15-солаеро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуда буд, пайдо карданд. Мирзораҳим Абдуллоев, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, Комрон Ҷӯраеви 15-сола, сокини шаҳри Хуҷанд субҳи 13-уми август дар […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷасади як ҷавони 15-солаеро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуда буд, пайдо карданд.

Мирзораҳим Абдуллоев, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, Комрон Ҷӯраеви 15-сола, сокини шаҳри Хуҷанд субҳи 13-уми август дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Ба иттилои ӯ, Комрон Ҷӯраев дар минтақаи барои оббозӣ мамнӯи дарёи Сир, ҳудуди маҳаллаҳои 12 ва 13-и шаҳри Хуҷанд оббозӣ кардааст ва ғарқ шудааст.

“Баъди дарёфти иттилоъ аз сӯйи падари ҷавони ғарқшуда, кормандони Раёсат ҷустуҷӯро оғоз карда, дар муддати хеле кӯтоҳ ҷасади ҷавонро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супориданд”, – гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.

Бояд гуфт, ғарқшавии ноболиғон  дар дарёи Сир ҳодисаи нав нест. Ду сол пеш айнан дар ҳамин минтақае, ки Комрон Ҷӯраев ғарқ шуд, ду хонандаи мактаб низ ғарқ шуда буданд.

Танҳо дар давоми шаш моҳи имсол аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудиаи гражданӣ дар  вилояти Суғд 24 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 7 нафар ҳангоми оббозӣ ва 5 нафар бо қасди худкушӣ ғарқ шудаанд. 12 нафари дигар дар натиҷаи садамаҳое, ки нақлиёт ба  кулу дарёҳо сарозер шудааст, ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.