Тоҷирони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратӣ байни доираҳои кории минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Остона 22 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ҳамоиш ҳафтаи гузашта дар доираи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд. Дар санадҳои имзошуда роҳандозии ҳамкориҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратӣ байни доираҳои кории минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Остона 22 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳамоиш ҳафтаи гузашта дар доираи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.

Дар санадҳои имзошуда роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва экология, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ, маориф, мошинсозӣ, тиб ва сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Дар кори форум муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мидораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Юсуфзода суханронӣ намуда, дар бораи имконоти сармоягузории Тоҷикистон маълумот дод.

Тибқи маълумоти Кумита, дар кори форум беш аз 350 намояндагони ширкатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳои минтақа ва Ҷопонро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, иштирокчиён зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаро барои ноил шудан ба рушди устувор ва таҳкими суботи молиявӣ дар кишварҳои минтақа таъкид намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва системаҳои молиявӣ низ мавриди муҳокимаронӣ гардид.

Зикр мегардад, ки форум барои табодули таҷриба ва таҷрибаҳои беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард.

Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон такони нав бахшида, ба рушди иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа мусоидат менамояд.

Бино ба маълумоти Кумита, тайи ду соли ахир Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 42,5 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ҳаҷми умумии гардиши моли дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 44,3 млн долларро ташкил дод, ки 48% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Зиёда аз 99,3% аз ҳаҷми гардиши моли дуҷониба ба воридоти мол аз Ҷопон ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.