Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд. Тавре ки аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд, чорабинии мазкур рӯзҳои 20-21 август доир мегардад. Дар доираи барномаи фарҳангӣ ба тамошобинон филмҳо дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла “Дон-Мукасан”, “Операция Набат” ва ғайра намоиш дода мешаванд. Гуфта мешавад, филмҳои пешниҳодгардида ба шиносии наздик бо жанрҳо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд.

Тавре ки аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд, чорабинии мазкур рӯзҳои 20-21 август доир мегардад.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ ба тамошобинон филмҳо дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла “Дон-Мукасан”, “Операция Набат” ва ғайра намоиш дода мешаванд.

Гуфта мешавад, филмҳои пешниҳодгардида ба шиносии наздик бо жанрҳо ва муҳтавои синамои истеҳсоли Қазоқистон имкон хоҳанд дод.

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо 20 август дар кинотеатри “Ватан” баргузор шуда, соати 17:30 дар ин ҷо филми аввал ба маърази тамошо гузошта мешавад. Рӯзи дигар, 21 август филмҳо дар кинотеатри “Тоҷикфилм” ба намоиш гузошта мешаванд.

Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо байни синамогарони тоҷику қазоқ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.