Туркия барои хориҷиён ҳатман гирифтани изи ангуштонро ҷорӣ мекунад

Мақомоти Туркия аз ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, изи ангуштон мегиранд (дактилоскопия). Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая ба газетаи Sabah хабар додааст. “Вазири корҳои дохилӣ лоиҳаи муҳими ояндаро эълон кард, ки дар доираи он зимни вуруд ба Туркия ба монанди ИМА ва Британияи Кабир изи ангуштон гирифта […]

Asia-Plus

Мақомоти Туркия аз ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, изи ангуштон мегиранд (дактилоскопия). Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая ба газетаи Sabah хабар додааст.

“Вазири корҳои дохилӣ лоиҳаи муҳими ояндаро эълон кард, ки дар доираи он зимни вуруд ба Туркия ба монанди ИМА ва Британияи Кабир изи ангуштон гирифта мешаванд”, – менависад нашрия.

Ба гуфтаи Ерликая, ин тадбир дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва роҳандозии механизми пурсамари ихроҷ ҷорӣ мешавад.

Бино ба маълумоти ВКД Туркия, айни замон зиёда аз 4,4 млн нафар хориҷиён дар кишвар қарор доранд, ки 3,1 млн нафарашон шаҳрвандони Сурия буда, беш аз 1,1 млн нафар хориҷиён Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) доранд.

Қобили зикр аст, ки Туркия яке аз кишварҳои писандидаи тоҷикистониён барои сафар аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар ба хотири истироҳату табобат ва тиҷорат мераванд.

Моҳи апрели соли равон Туркия реҷаи 90-рӯзаи бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда, ин қарори худро ба таъмини амният рабт дод.

Ин тасмим пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав гирифта шуд. Дар содир намудани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.