Як сокини Деваштич барои ба худкушӣ расонидани келинаш 5 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи ноҳияи Деваштич як занро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расонидани келини хонадон 5 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора Фирдавс Ҳусейнзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар дод. Номбурда, аз ин зан Саломат Қодироваи 49-сола, сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич (Ғончии пешин) ном бурд, ки Мадина Маҷидова, келини хонадонро ба худкушӣ […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Деваштич як занро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расонидани келини хонадон 5 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора Фирдавс Ҳусейнзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар дод.

Номбурда, аз ин зан Саломат Қодироваи 49-сола, сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич (Ғончии пешин) ном бурд, ки Мадина Маҷидова, келини хонадонро ба худкушӣ расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, хушдоману келин дар як коргоҳ кор мекарданд ва Қодирова “нисбати келини худ бадгумонӣ карда, ӯро барои доштани муносибати маҳрамона бо ронандаи корхона гунаҳгор мекард”.

Саломат Қодирова ба баҳонаи “руйпуш кардани муносибат бо келинаш” ва таҳдид (шантаж) аз ронандаи корхона 8,5 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ин зан дар хона ба келин ва дар корхона ба ронанда пайваста зулм ва бадгӯӣ мекунад. Келини хонадон аз хушунати хушдоман тоб наоварда, ба хонаи падараш меравад. Вале дар он ҷо низ Қодирова шаъну шарафи келинро паст мезинад”- гуфт Фирдавс Ҳусейнзода.

Ба иттилои номбурда, моҳи январи соли 2024 Мадина Маҷидова бо қасди худкушӣ дору  мехӯрад ва аз ин кор волидонаш бохабар шуда, ӯро ба Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич бурда, “ҷони ӯро аз марг наҷот медиҳанд”.

Додгоҳ сабаби худкуширо “тоб наовардан ба фишорҳои хушдоман” гуфтааст.

Баъди шикояти наздикони Маҷидова, Додгоҳи ноҳияи Деваштич Саломат Қодироваро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расондан (моддаҳои 250 қисми 1 ва 109 қисми 2) гунаҳкор дониста, 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 6-уми сентябр Додгоҳи вилояти Суғд шикояти кассатсионии Қодироваро нисбат ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Деваштич, ки моҳи июл содлир шуда буд, бетағйир гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳолати ба худкушӣ расонидан ё худкушӣ кардан дар  вилояти Суғд ҳодисаи нав нест. Рӯзи 1-уми сентябр низ як навраси 16 солаи сокини ноҳияи Деваштич даст ба худкушӣ зада буд, ки сабаби омилҳои он то ҳол таҳқиқ мешавад.

Омори 5 солаи худкушӣ ва сабабу омилҳои онро дар маводи "Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?" хонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.