“Рейд” дар марказҳои дилхушӣ. 230 нафар дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба милитсия оварда шуданд

Дар ҷараёни амалиёти шартии “Ахлоқ”, ки дар чанде аз марказҳои дилхушии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, 230 писару духтари ҷавон ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварда шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, ин амалиёт дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар ҷараёни амалиёти шартии “Ахлоқ”, ки дар чанде аз марказҳои дилхушии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, 230 писару духтари ҷавон ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварда шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, ин амалиёт дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, баланд садо додани мусиқии марказҳои дилхушӣ ва нороҳат кардани сокинони гирду атроф нашр гардид, гузаронида шудааст.

"Ҳадафи ин амалиёт таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, беҳбудии бехатарии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ дар шаҳр мебошад", – гуфтанд дар РВКД дар пойтахт. 

Дар доираи ин амалият, марказҳои дилхушии «Самира», «Париж», «Шоми Кӯлоб” ва “Ҷавонон” санҷида шуда, 230 духтару писари ҷавон ба мақомоти милитсия дастрас гардидаанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, баъди гузаронидани сӯҳбатҳои профилактикӣ ба ин ҷавонон бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳамаи онҳо аз ташхисҳои тиббӣ гузаронида шудаанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, аксари ҷавондухтарон “шакли носолими муносибатҳои шаҳвониро пеша намуда, марказҳои дилхуширо ба макони ҷалби муштарӣ табдил додаанд, ки ин эҳтимоли паҳншавии бемориҳои сироятиро афзун мегардонад”.

Ҳамчунин, маъмурияти марказҳои фароғатӣ дар бораи вайрон кардани оромӣ ва зарурати риояи мусиқӣ пас аз соати 23:00 огоҳонида шуданд.

Дар асоси моддаи 462 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз соати 23:00 то соати 6:00… бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда барои шахсони воқеӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробар ба 72 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, инчунин барои шахсони ҳуқуқӣ аз даҳ то бист нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ шудааст. 

Мавзуи фаъолияти марказҳои дилхушӣ баҳснок буда, пештар мансабдорон низ мавқеи худро дар ин масъала ошкор карда буданд.

Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфта буд, ки зидди фаъолияти марказҳои дилхушӣ аст, аммо раиси пешини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, ки ҳоло мушовири раисҷумҳур аст, дар нишасти хабарии моҳи феврали соли 2022 гуфта буд, ҷонибдори фаъолияти дискоклубҳо аст ва дар будани дискотекаҳо зуҳуроти манфиеро намебинад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио