Додгоҳи вилояти Хатлон “Шайх”-ро 9 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Вахшро барои қаллобӣ, заминфурӯшӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо 9 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситонии вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда аз ин шахс Суҳроб Рустамзода  ки бо тахалусси “Шайх” низ ошно аст, ном бурда, гуфт, ӯ аз як шаҳрванд бо ваъдаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод […]

Сараҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Вахшро барои қаллобӣ, заминфурӯшӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо 9 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситонии вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда аз ин шахс Суҳроб Рустамзода  ки бо тахалусси “Шайх” низ ошно аст, ном бурда, гуфт, ӯ аз як шаҳрванд бо ваъдаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан бо воситаи шиносҳояш дар додситонии вилоят 80 ҳазор сомонӣ гирифта, “ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст”.

“Ҳамчунин, дар рафти тафтишоти пешакӣ маълум карда шуд, ки Суҳроб Рустамзода бо рафиқаш Абдусалом Дамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ аз моҳи сентябри соли 2015 то сентябри соли 2024 бо роҳи фиреб аз чор шаҳрванд ба маблағи умумии 100,9 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Саталмуши” ноҳияи Вахш 3350 метри мураббаъро ба 7 нафар тақсим карда, ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ додаанд”, – гуфт Варқаи Заёниддин.

Маълум нест, ки Суҳроб Рустамзода кай ва чӣ гуна дастгир шудааст. Вале Додситонии вилояти Хатлон нисбати Рустамзода ва шарикаш Абдусалом Дамонов барои қаллобӣ (моддаи 247), худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он (моддаи 338) ва сохтакории ҳуҷҷатҳо (моддаи 340) парвандаи ҷинотяӣ боз карда, баъди баррасӣ, парвандаҳоро аз ҳам ҷудо ба додгоҳ ирсол кард.

Додгоҳ вилояти Хатлон парвандаи Суҳроб Рустамзодаро аз Абдусалом Дамонов ҷудо баррасӣ карда, ӯро гунаҳкор ва 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Абдусалом Дамонов ҳоло боздошт нашудааст ва дар ҷутуҷӯй қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.