Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд

Мошини ҷаҳонгардони чех, ки аввали моҳи август дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дучори садама шуда буд, қариб пурра таъмир шудааст. Ҳоло устоҳо корҳои охирини таъмирро анҷом медиҳанд ва баъди он, сайёҳони чех метавонанд бо мошини худ ба сафар идома диҳанд. Ин мошин дар минтақаи баландкӯҳ аз баландии 3 ҳазор метр сарозер шуд ва […]

Мошини ҷаҳонгардони чех, ки аввали моҳи август дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дучори садама шуда буд, қариб пурра таъмир шудааст. Ҳоло устоҳо корҳои охирини таъмирро анҷом медиҳанд ва баъди он, сайёҳони чех метавонанд бо мошини худ ба сафар идома диҳанд.

Ин мошин дар минтақаи баландкӯҳ аз баландии 3 ҳазор метр сарозер шуд ва миёни дарахтон дармонд. Замони ҳодиса дохили мошин 9 нафар қарор дошт. Ҳеҷ яке аз мусофирон осеби ҷиддӣ набардошт.

Мошини сайёҳонро сокинони маҳаллӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз чуқурӣ берун кардаанд.

8 сайёҳи дохили он ба ватан баргаштанд, яке аз онҳо – Марек Ҳавричек дар Тоҷикистон монд, зеро нахост мошинашро партофта, равад.

Ҳоло мошини тамғаи “Татра”-и сайёҳони чех дар корхонаи “Оби зулол”, воқеъ дар Душанбе таъмир мешавад. Барои таъмири он аз Ҷумҳурии Чех мутахассис даъват кардаанд. Аммо харҷи таъмирро ширкати “Оби зулол” ба зимма гирифтааст.

Ҳамакнун, Марек Ҳавричек мегӯяд, баъди анҷоми таъмири мошинаш ба кишварҳои ҳамсояи мо сарфар карда, баъдан ба Аврупо бармегардад.

“Шояд баъди ба зодгоҳ расидан, мошинро ба фурӯш гузорам”, – гуфт Марек Ҳавричек.

Муфассал дар навори зерин тамошо кунед:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.