Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад

Дар қаламрави Тоҷикистон барои самаранокии ҳамлу нақли логистикӣ сохтани марказҳои нави захираи бор (хабҳо) ва маҷмааи анборҳо лозим аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири нақлиёти Русия Дмитрий Зеврев иттилоъ медиҳад. «Доир ба беҳтар кардани самаранокии занҷираҳои логистикӣ мо бо ин мушкилот бо бисёре аз кишварҳо рӯ ба рӯ шудаем, дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар қаламрави Тоҷикистон барои самаранокии ҳамлу нақли логистикӣ сохтани марказҳои нави захираи бор (хабҳо) ва маҷмааи анборҳо лозим аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири нақлиёти Русия Дмитрий Зеврев иттилоъ медиҳад.

«Доир ба беҳтар кардани самаранокии занҷираҳои логистикӣ мо бо ин мушкилот бо бисёре аз кишварҳо рӯ ба рӯ шудаем, дар робита ба кушодани масирҳои нави боркашонӣ ва ҷамъоварии борҳо барои лоиҳаҳое мисли “Агроэкспресс”, ба мо, бешубҳа, хабҳо (марказҳои нигаҳдории бор) дар қаламрави Тоҷикистон ва маҷмааҳои анбор бо категорияҳои анборҳои А ва Б+ лозим аст, то ки борҳо ҷамъоварӣ шаванд», – гуфтааст ӯ дар нишасти мизи мудаввар оид ба «Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Русия», ки рӯзҳои охир дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гуфтаи Зверев, ин иқдом ба тағйироти назаррас дар нархгузории боркашонӣ тавассути роҳи оҳан боис гардида, дар натиҷа дастрасӣ барои истеъмолкунандагон ва фиристандагони борро осонтар мекунад.

Ӯ зикр намуд, ки соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Русия 29% афзоиш ёфта, дар ҳашт моҳи соли 2024 тақрибан дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст, ки ин як «нишондиҳандаи хуб» мебошад.

Зверев таъкид доштааст, ки ҳаҷми солонаи боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ миёни ду кишвар тақрибан 150 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

«Аз як ҷониб, ин нишондиҳандаи устуворӣ аст. Аз тарафи дигар, мо дурнамои рушди назаррасро мебинем. Барои ин бояд марказҳои логистикии ҷамъоварии бор дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла бо ҳамкории соҳибкорони рус таъсис дода шаванд», – илова намудааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз панҷ як ҳиссаи гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин кишвар рост меояд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 1 млрд 268,6 млн долларро ташкил додааст, ки 14,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёдтар аст. Қобили зикр аст, ки 94,5% ҳаҷми савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио