Рӯзҳои наздик ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад

Дар Тоҷикистон аз рӯзи 23 октябр боридани боронҳо дар назар аст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар водиҳо бориши борон дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борону барф пешбинӣ мешавад. Дар навбати худ Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз рӯзи 23 октябр боридани боронҳо дар назар аст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар водиҳо бориши борон дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борону барф пешбинӣ мешавад.

Дар навбати худ Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ боришоти бошиддат ва пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 10-12º дар назар аст. Бо сабаби ба амал омадани боришот дар минтақаҳои кӯҳию-доманакӯҳии ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, борон ва шамоли босуръат метавонад ба ҳодисаҳои зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва дар натиҷа маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт боис гардад.

“Ҳамчунин эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид дар сурати  аз ҷӯву заҳбурҳо берун шудани об, эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди тӯфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасон вуҷуд дорад”, – омадааст дар хабар.

Кумита ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу масканҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу хок тоза кунанд.

Илова бар ин, ҳушдор дода мешавад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, сутуни рекломҳои сутниҳод гардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан қоидаҳои бехатарӣ бояд ҷиддӣ риоя шаванд.

“Қоидаҳои одитарини бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ намоед”, – даъват мекунад Кумита аз аҳолӣ.

Ҳамчунин аз шаҳрвнадон даъват мешавад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд воситаҳои нақлиёти худро ба сафар аз қабл омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Хотиррасон мешавад, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19 ва 223 13 11 занг задан лозим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.