Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ се зина боло рафт

Дар раддабандии нави донистани забони англисӣ, ки пойгоҳи EF SET тартиб додааст, Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба соли гузашта ду зина боло рафта, миёни 116 давлати дунё мақоми 109-умро соҳиб шудааст. Ин нишондоди пасттарин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Тоҷикистон ин мавқеъро бо касби 412 хол (холи баландтарин 700) соҳиб шудааст. Ин нишондод […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар раддабандии нави донистани забони англисӣ, ки пойгоҳи EF SET тартиб додааст, Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба соли гузашта ду зина боло рафта, миёни 116 давлати дунё мақоми 109-умро соҳиб шудааст. Ин нишондоди пасттарин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Тоҷикистон ин мавқеъро бо касби 412 хол (холи баландтарин 700) соҳиб шудааст. Ин нишондод дар муқоиса бо соли пеш 3 зина беҳтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҷойи 112-умро касб карда буд.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон (бо касби зинаи 88-ум) пешсаф аст. Ӯзбекистон мавқеи 98-ум ва Қазоқистон зинаи 103-юмро дар ин раддабандӣ касб кардаанд, ки мутаносибан дар Осиёи Марказӣ мавқеи дуюм ва сеюм мебошад. Дар бораи Туркманистон маълумот нест.

Ҳолланд, Новегия, Сингапур ба сегонаи пешсафи кишварҳое ворид шудаанд, ки сокинонаш забони англисиро хуб медонанд.

Раддабандии мазкур дар асоси санҷиши дониши 2,1 миллион калонсолони 116 давлат, аз ҷумла 35 давлати Аврупо, 24 кишвари Африка, 23 Осиё, 21 давлати Амрикои Лотинӣ, 13 давлати  Ховари Миёна, ки 54 дарсадашон занҳо ва 46 дарсадашон мардҳо будааст, тартиб дода шудааст.

Соли 2023 Тоҷикистон байни 113 давлат бо касби 388 хол дар зинаи 112-ум қарор гирифта буд. Соли соли 2021 бошад байни 112 кишвар бо 405 хол дар зинаи 103-юм ва соли 2020 байни 100 кишвар бо 381 хол дар зинаи охирон қарор гирифта буд.

EF SET санҷиши онлайнии стандартикунонидашудаи забони англисӣ буда,  ба таври тестӣ онлайн супорида мешавад. Ин сомона барои ҳар як корбари интернет дастрас буда, имкон медиҳад ҳар нафари хоҳишманд дар ин рейтинг имтиҳон супорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.