Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд

Дар мурофиаҳои чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон дастикам 30 шоҳид, бо шумули мансабдори пешин пурсида шудаанд. Аммо дар раванди мурофиа, бо далели мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо додрасҳо, ки рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад, як ҳафта танаффус эълон шудааст. Дар ин бора ду манбаи огоҳ аз парванда, ки ба далели амниятӣ нахостанд номашон зикр шавад, ба "Азия-Плюс" […]

Asia-Plus

Дар мурофиаҳои чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон дастикам 30 шоҳид, бо шумули мансабдори пешин пурсида шудаанд. Аммо дар раванди мурофиа, бо далели мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо додрасҳо, ки рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад, як ҳафта танаффус эълон шудааст. Дар ин бора ду манбаи огоҳ аз парванда, ки ба далели амниятӣ нахостанд номашон зикр шавад, ба "Азия-Плюс" иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манобеъ, мурофиаи охирин дирӯз, 2-юми декабр, чун пештара паси дарҳои баста ва дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шуда, ним соат давом кардааст.

Як ҳафтаи ахир қариб ҳамарӯза мурофиа баргузор мешуд.

Қаблан Радиои Озодӣ навишта буд, ки “Рашид Олимов, вазири пешини корҳои хориҷӣ, раҳбари собиқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин, Нуралӣ Саидов, котиби пешини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷаласаи додгоҳӣ аз макони мурофиа берун шуданд".

Бархе айбдоршавандагон, аз ҷумла ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов ҳеҷ иттиҳомро қабул накардааст.

Ба гуфтаи манобеъ, алайҳи Шокирҷон Ҳакимов ҳеҷ шоҳиде ҳам баромад накардааст.

Дар мурофиаи дирӯза додрас гуфтааст, ки мурофиаи навбатӣ аввали ҳафтаи дигар баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, нафарони зерин боздошт шудаанд:

– Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;

– Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;

– Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;

– Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;

– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;

– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;

– Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.

Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.

То ҳол ҳудуди 4 мурофиа баргузор шуд, вале дар он кӣ чӣ гуфт барои ҷомеа ошкор нест.

Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.