Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад

Тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 дар кишвар мансаби Ваколатдор оид ва ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, алҳол шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар назди […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 дар кишвар мансаби Ваколатдор оид ва ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, алҳол шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият дорад, вале то ҳанӯз номзад ба мансаби Ваколатдор таъйин нагардидааст. 

Ба гуфтаи Зафар Солеҳзода, сардори шуъбаи номбурда, айни ҳол барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” гурӯҳи кории махсуси дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст ва лоиҳа низ аллакай омода аст.  

“Ҳангоми дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқ гардидани тағйиру иловаҳо ба ин қонун мақсаду мароми Ваколатдори нав муайян карда мешавад. Ин мақом ҳамзамон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад” – гуфт Солеҳзода.

Ба ибрози сардори шуъба, Ваколатдори нав дар ду самт – ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорон кор хоҳад кард. 

“Агар сода баён кунем, ин Ваколатдор дар ҳолати поймолшавии вазъи ҳуқуқии соҳибкорон, риоя нагардидани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҳангоми тафтиш аз ҷониби мақомоти дахлдор, масалан Кумитаи андоз, эҷод кардани монеа барои фаъолияти соҳибкорон, риоя нашудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳо ва ё ҳангоми қарзгирӣ аз бонк ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя мекунад” – шарҳ дод Солеҳзода.

Айни ҳол дар шуъбаи номбурда 4 корманд ва сардори шуъба фаъолият доранд. Шуъба таъйини худи Ваколтадорро интизор аст. 

Тартиби муроҷиат ба ин Ваколатдор низ мисли Ваколатдор ба ҳуқуқи инсон аст. Он муроҷиатҳоро хаттӣ, телефонӣ ва электронӣ қабул мекунад. Дар ҳоли ҳозир муроҷиатҳои электронӣ ба почтаи электронии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тариқи суроғаи [email protected] қабуд карда мешавад. Баъд аз таъйин гардидани нафари Ваколатдор ин ниҳод низ мисли Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дорои нишонии худ мегардад. 

Бояд гуфт, ки то ин дам ба ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ниҳодҳои дигар низ сарукор доштанд. Аз ҷумла, дар ин самт Бонки миллӣ назорат мебурд. Вале ба ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар сатҳи давлатӣ касе машғул набуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.