Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд

Давоми соли 2024 дар ҷаҳон 54 рӯзноманигор ҳангоми фаъолияти касбии худ кушта шуданд. Имсол хавфу хатар, махсусан барои рӯзноманигороне, ки дар минтақаҳои ҷангӣ фаъолият мекунанд, зиёд будааст. Омори хабарнигороне, ки дар майдонҳои ҷанг кушта шудаанд, ба болотарин ҳад дар 5 соли охир расидааст. Дар ин бора Созмони байналмиллалии “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) дар гузориши солонаи […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Давоми соли 2024 дар ҷаҳон 54 рӯзноманигор ҳангоми фаъолияти касбии худ кушта шуданд. Имсол хавфу хатар, махсусан барои рӯзноманигороне, ки дар минтақаҳои ҷангӣ фаъолият мекунанд, зиёд будааст. Омори хабарнигороне, ки дар майдонҳои ҷанг кушта шудаанд, ба болотарин ҳад дар 5 соли охир расидааст. Дар ин бора Созмони байналмиллалии Гузоришгарони бидуни марз (RSF) дар гузориши солонаи худ, ки рӯзи 12 декабр нашр шуд, хабар додааст.

Навори Ғазза бори дигар хатарноктарин макон барои хабарнигорон шинохта шуд. Ба гуфтаи созмони мазкур, як сеюм аз 54 хабарнигори кушташуда дар соли 2024 дар пайи бомбаборонҳои Исроил дар Навори Ғазза ҷон бохтаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки пас аз оғози ҷанги Исроил ва ҲАМОС дар миёнаи моҳи октябри соли 2023 то ба имрӯз дар Ғазза 145 рӯзноманигор кушта шудаанд, ки дастикам 35 нафари онҳо ҳангоми фаъолияти корӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Муаллифони гузориш изҳор доштаанд, ки аз оғози таҷовузи густурдаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, дар Украина ҳадди ақал 13 рӯзноманигор кушта шудааст.

Созмони гузоришгарони бидуни марз гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои ҷаҳон 550 рӯзноманигор нигоҳ дошта мешаванд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 7% зиёдтар аст.

Қариб нисфи тамоми рӯзноманигорони зиндонӣ дар ҷаҳон дар маҳбасҳои танҳо чор кишвар қарор доранд: Чин (124 зиндонӣ), Мёнмор (Мянма) (61 зиндонӣ), Исроил (41 зиндонӣ) ва Беларус (40 зиндонӣ).

Дар Русия дар соли 2024 шумори рӯзноманигорони боздоштшуда 8 нафар афзудааст.

Исроил ҳам ба феҳристи кишварҳое дохил шудааст, ки аз оғози таҷовузи ин кишвар ба Ғазза пайваста рӯзноманигоронро боздошт мекунад. Мақомоти ин кишвар дар давоми соли гузашта камаш 17 корманди расонаҳоро дастгир кардаанд.

“Рӯзноманигорон намемиранд, кушта мешаванд; онҳо дар зиндон нестанд, режимҳо онҳоро ҳабс мекунанд; рӯзноманигорон нопадид намегарданд, рабуда мешаванд. Ин ҷиноятҳо, ки аксар вақт аз ҷониби ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳ бо беҷазоии комил ташкил карда мешаванд, қонунҳои байналмилалиро вайрон мекунанд ва аксар вақт беҷазо мемонанд. Мо бояд барои тағйири авзоъ иқдом кунем, ба худ ҳамчун шаҳрванд хотиррасон кунем, ки рӯзноманигорон барои мо ҷон медиҳанд, то моро огоҳ нигоҳ доранд. Мо бояд минбаъд низ ҳисоб кунем, номбар кунем, маҳкум кунем, тафтиш кунем ва итминон ҳосил кунем, ки адолат иҷро мешавад. Сарнавиштгароӣ ҳаргиз набояд пирӯз шавад. Ҳифозат аз касоне, ки моро огоҳ мекунанд, ҳифозат аз ҳақиқат аст”, – гуфтааст Тибо Бруттин, мудири кулли Созмони байналмиллалии Гузоришгарони бидуни марз.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳудуди 100 рӯзноманигор то ҳол дар 34 кишвари ҷаҳон бедарак ҳастанд: аз ҷумла дар Мексика (5), Сурия (3), Малӣ (3), Ҷумҳурии Демократии Конго (2), Фаластин (2) ва Ироқ (2).

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дастикам ҳашт рӯзноманигор – Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Хушрӯз Ҷӯмаев ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуда, ҳоло адои ҷазо мекунанд. Онҳоро, аз ҷумла, ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор кардаанд. Худи рӯзноманигорон ва хешовандонашон ин айбҳоро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.