Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.

Кумитаи андози Тоҷикистон ба кормандони мақомоти маҳаллии худ дастур додааст, ки аз андозбандии беасос аз даромади хоҷагиҳои фермерӣ, ки аз фаъолияти агротехникӣ гирифтаанд, худдорӣ кунанд. Ин ниҳод гуфтааст, нисбати касоне, ки қонунгузориро риоя накардаанд, тадбирҳои қатъии интизомӣ рӯйи даст гирифта мешаванд. Кумитаи андоз ният дорад, ки дахолати кормандони мақомоти андозро ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ то […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон ба кормандони мақомоти маҳаллии худ дастур додааст, ки аз андозбандии беасос аз даромади хоҷагиҳои фермерӣ, ки аз фаъолияти агротехникӣ гирифтаанд, худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, нисбати касоне, ки қонунгузориро риоя накардаанд, тадбирҳои қатъии интизомӣ рӯйи даст гирифта мешаванд.

Кумитаи андоз ният дорад, ки дахолати кормандони мақомоти андозро ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ то ҳадди ақалл кам карда, ҳолатҳои баҳснокро аз байн барад.

Фермероне, ки дар фаъолияти худ аз техникаи кишоварзӣ истифода мебаранд, бояд ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ мутмаин бошанд. Моҳҳои ахир Кумитаи андоз аз фермерон дар бораи дахолатҳои кормандони мақомоти маҳаллии андоз ба фаъолияти онҳо муроҷиатҳои сершумор гирифт.

Аз ҷумла, арзу шикоятҳо ба масъалаи ҳисоби андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ зимни истифодаи техникаи кишоварзӣ барои иҷрои корҳои агротехникӣ дахл дошт. Дар ин робита Кумитаи андоз мактуби дастурӣ ирсол намудааст, ки тартиби андозбандии чунин амалиётро танзим мекунад.

Андоз аз истифодаи техникаи кишоварзиро чӣ гуна дуруст пардохт кардан лозим аст?

Мувофиқи банди 12 Замимаи 1 Қоидаҳои андозбандӣ, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №151 тасдиқ шудааст, фаъолияти марбут ба «шудгор ва коркарди замин бо техникаи кишоварзӣ ва комбайнҳо» бар асоси патент амалӣ мешавад.

Ин чунин маъно дорад, ки шахсони машғул ба ин фаъолият бояд дар мақомоти андоз ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, патенти дахлдор гиранд.

Арзиши патент 238 сомонӣ дар як моҳ (ба ҳолати 1 январи соли 2025)-ро ташкил медиҳад.

Тибқ муқаррароти кисми 4 моддаи 382 Кодекси андоз, даромадҳои аз фаъолияти кишоварзии аъзои хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод мебошад. Яъне, аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ барои корҳои агротехникии қитъаҳои замини худ истифода гардидани техникаҳои кишоварзӣ, ки дар ихтиёри хоҷагӣ мебошад, бо андоз аз даромад андозбандй карда намешаванд.

Ҳамзамон, дар мавриди аз чониби хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаи кишоварзии дар ихтиёри хоҷагӣ буда, анҷом додани корҳои агротехникии дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ, чунин даромадҳо аз фаъолияти ғайрикишоварзӣ эътироф гардида, тибқи муқаррароти банди 6 моддаи 382 Кодекси андоз бо андози низоми соддакардашуда андозбандӣ карда мешавад.

Тадбирҳо алайҳи андозбандии беасоси хоҷагиҳои деҳқонӣ

Бо мақсади пешгирӣ аз қонуншиканиҳо Кумитаи андоз аз кормандони мақомоти маҳаллии андоз даъват мекунад, ки ба андозбандии беасоси даромадҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз фаъолияти агротехникӣ роҳ надиҳанд.

Ҳангоми ошкор гардидани дахолати беасос ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва (ё) ҳисоби андозҳо, ки боиси ба миён омадани омили бaҳс мегарданд, нисбати корманде, ки ба камбудиҳо poҳ додааст, ҷазои қатъии интизомӣ татбиқ карда мешавад.

Барои беҳтар намудани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мақомоти маҳаллии андоз тавсия дода мешавад, ки барои шарҳи меъёрҳои қонунгузорӣ, таъмини бақайдгирии моликони техникаи кишоварзӣ ҳамчун соҳибкорон инфиродӣ бо додани патент семинар-машваратҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронанд.

Ҳамчунин шинос кардани кормандони нозироти андоз бо маводи дастурӣ барои пешгирии баҳсҳо ва беҳбуди сифати ҳамкории мутақобила бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар тадбирҳо мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.