Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд

Дар Душанбе як марди сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон Сироҷ Қурбонов ба гумони даст доштан дар содир намудани як силсила ҷиноятҳои мрабут ба қаллобӣ боздошт шуд. Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда қаблан 5-маротиба бо ҷурми қаллобӣ маҳкум шудааст. “Айни замон 12-ҳолати ҷинояти қаллобии номбурда муайян карда шуда, ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе як марди сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон Сироҷ Қурбонов ба гумони даст доштан дар содир намудани як силсила ҷиноятҳои мрабут ба қаллобӣ боздошт шуд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда қаблан 5-маротиба бо ҷурми қаллобӣ маҳкум шудааст.

“Айни замон 12-ҳолати ҷинояти қаллобии номбурда муайян карда шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз як милион сомонӣ зарар расонидааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Лекин аз ҷузъиёти тарзу усулҳои фиреби шаҳрвандон хабар дода намешавад.

Ғайр аз ин, хабар медиҳад Раёсат, дар Душанбе боз 4 нафари дигар – Ҷамшед Каримов, Ислом Мақсудов, Мирзо Мирзоев ва Фирӯз Мирзоев ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, моҳи январ номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ аз як нафар ҷавони сокини пойтахт барои паҳн накардани маълумотҳои беобрӯкунанда 15-ҳазор сомонӣ талаб карда, ҳамчун гарав аз ҷабрдида телефони мобилӣ ва шиносномаи миллиашро гирифтаанд.

Айни замон нисбати ин чор нафар бо моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишот қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардаааст, ки агар аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша ҷабр дидаанд ё мавриди фиреби Сироҷ Қурбонов қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба Раёсат муроҷиат намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.