Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил зиёд шуда, воридоти он ҳам афзудааст

Дар соли 2024 воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла гандуму биринҷ, картошка, мева, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт ба таври назаррас афзуд. Ин дар пасманзари афзоиши истеҳсоли бисёре аз ин маҳсулот дар дохили кишвар сурат гирифт. Мувофиқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ, ки рӯзи 29 январ дар нишасти матбуотӣ пешниҳод шуд, ҳаҷми воридоти гандум 1,1 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар соли 2024 воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла гандуму биринҷ, картошка, мева, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт ба таври назаррас афзуд. Ин дар пасманзари афзоиши истеҳсоли бисёре аз ин маҳсулот дар дохили кишвар сурат гирифт.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ, ки рӯзи 29 январ дар нишасти матбуотӣ пешниҳод шуд, ҳаҷми воридоти гандум 1,1 млн тоннаро ташкил додааст, ки 41 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳамчунин истеҳсоли гандум дар дохили кишвар низ 2,4% афзуда, ба 880,7 ҳазор тонна расидааст.

Вазъи ба ин монанд дар истеҳсоли биринҷ (шолӣ) низ ба назар мерасад: сарфи назар аз ҳамасола 150 ҳазор тонна истеҳсол шудани он, ҳаҷми воридоти он низ 6,8 ҳазор тонна зиёд шуда, 41,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Воридоти картошка ба таври қобили мулоҳиза – 7,7 ҳазор тонна зиёд шуда, ба 56,8 ҳазор тонна расидааст. Ин дар вазъияте сурат мегирад, ки истеҳсоли картошка дар дохили ҷумҳурӣ 10,4% афзуда, ба беш аз 1,2 млн тонна расидааст. Вазорати рушди иқтисод қаблан пешгӯӣ карда буд, ки барои қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ истеҳсоли дохилӣ кофӣ хоҳад буд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 воридоти меваҳо 19,7 ҳазор тонна зиёд шуда, ба 67 ҳазор тонна расидааст. Дар ҳамин ҳол, ҳосили меваҳо дар дохили кишвар 24% афзуда, 825 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Тамоюли ҳамсон дар бахши маҳсулоти ширӣ низ ба мушоҳида мерасад: дар ҳоли 5,3% афзудани истеҳсоли шир дар дохили ҷумҳурӣ, ҳаҷми воридоти он 2,3 ҳазор тонна зиёд шуда, ба 14 ҳазор тонна расидааст.

Ҳамчунин харидани гӯшт аз хориҷи кишвар (6 ҳазор тонна зиёд шудааст – то 15,7 ҳазор тонна) ва шакар (2 ҳазор тонна зиёд шудааст – то 153 ҳазор тонна) ба таври назаррас афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.