Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбон захмӣ шуданд

Дирӯз, 3-юми феврал соати 15:44 дар зиндони маъруф ба "Кирпичний" ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар задааст, ки дар натиҷа 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба маркази матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хабар додааст.  Дар хабарнома омадааст, ки 9 маҳбус бо […]

Asia-Plus

Дирӯз, 3-юми феврал соати 15:44 дар зиндони маъруф ба "Кирпичний" ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар задааст, ки дар натиҷа 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба маркази матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хабар додааст

Дар хабарнома омадааст, ки 9 маҳбус бо асбобҳои худсохтаи халандаю бурранда ба кормандони масъул-нигаҳбонҳои муасисаи ислоҳӣ "ҳуҷуми ҳалокатовар кардаанд".

"Дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд", – зикр мешавад дар хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, "аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд".

Дар натиҷа муҳофизон маҷбур шудаанд, ки муқобили маҳбусон аз силоҳи оташфишон истифода кунанд, ки дар натиҷа, "3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд".

Ба захмиҳо ёриии саривақтии  тиббӣ расонида шуда, вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мегӯяд ҳоло "низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид".

 

Ин ҳодисаи аввал нест

Ин аввалин ҳодисаи ошӯб дар маҳбасҳо, махсусан дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат нест. Аз ҷумла, шоми 19 майи соли 2019 дар ҳамин муассиса ошӯб бархост. 30 маҳбус бо корду асбобҳои бурандаю халанда се корманди муассисаро гаравгон ва онҳоро куштанд. Ҳамчунин, бо мақсади тарсонидан панҷ маҳкумшударо низ ба қатл расониданд.

Кормандони сохторҳои қудратӣ саркардагони ошӯбро куштанд, ки байнашон писари генерали фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, ки чанд сол пеш ба ДОИШ* пайваста буд, – Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола низ буд.

Бар асари ин ҳодиса 29 маҳбус ҳалок шуд. Барои ташкили ошӯб Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳлати ҳабси 28 маҳбуси муассиса дар Ваҳдатро дароз кард.

Ним сол пеш аз ин ҳодиса, чунин ошӯб дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд сар зад. Бетартибиҳо дар зиндони низомаш сахти 3/3 дар микрорайони 16-уми шаҳр шаби 8 ноябри соли 2018 оғоз шуданд. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни ошӯб 21 маҳбус ҳалок шуданд. Ду корманди зиндон кушта шуда, панҷ нафар посбон ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд.

Барои ба ошӯб даст задан 33 маҳбус ба курсии айбдорӣ нишста, ғайр аз ин, 9 корманди муассиса, аз ҷумла сардори он барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Солҳои пешин низ якчанд бор ҳодисаҳои кӯшиши фирор аз зиндонҳои Тоҷикистон рух дода буданд. Қариб ҳамаи онҳо барои ташкилкунандагону иҷрокунандагони онҳо ноком анҷом ёфтанд: онҳо ё кушта шуданд ва ё боздошту паси панҷара баргардонида шуданд.

*Дар Тоҷикистон созмони террористӣ ва экстрмистӣ эълон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.