Омодагии Фонди кувейтии рушд ба идомаи маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон

Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода рӯзи 3 феврал дар Кувейт бо Директори генералии Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар дидору гуфтушунид кард. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқизода ба роҳбарияти Фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзандааш дар рушди инфрасохтори кишвар изҳори сипос […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода рӯзи 3 феврал дар Кувейт бо Директори генералии Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқизода ба роҳбарияти Фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзандааш дар рушди инфрасохтори кишвар изҳори сипос намуда, махсусан аз маблағгузории сохтмони НБО “Роғун”, ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад, қадрдонӣ кард.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб изҳори омодагӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар маблаггузорӣ менамояд.

Зикр шуд, ки то имрӯз Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки Фонди кувейтии рушд барои сохтмони НБО “Роғун” ба маблағи 100 млн доллар бастаи қарз ҷудо мекунад.

Созишномаи дахлдор дар ин бора дар Душанбе аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии фонд Валид Шимлон Ал-Баҳар ба имзо расонида шуд.

Маблағҳо давра ба давра дар доираи шаш созишномаи ҷудогона ҳар кадоме ба маблағи 16,7 млн доллар ҷудо карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.