Вазорати саноати Тоҷикистон сабабҳои коҳиши истеҳсоли нуриҳои минералиро шарҳ дод

Бузургтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон – ҶСК “Азот” соли 2024 ба маблағи ҳудуди 111 млн сомонӣ (10,2 млн доллар) маҳсулот истеҳсол кард. Тавре ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, ин қариб 52 млн сомонӣ (4,7 млн доллар) камтар нисбат ба соли 2023 мебошад. «Сабабҳои коҳиши истеҳсоли маҳсулот дар муқоиса […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бузургтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон – ҶСК “Азот” соли 2024 ба маблағи ҳудуди 111 млн сомонӣ (10,2 млн доллар) маҳсулот истеҳсол кард. Тавре ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, ин қариб 52 млн сомонӣ (4,7 млн доллар) камтар нисбат ба соли 2023 мебошад.

«Сабабҳои коҳиши истеҳсоли маҳсулот дар муқоиса бо соли гузашта норасоии нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли 2024 ва қатъ шудани интиқоли гази табиӣ дар семоҳаи чоруми ҳамин сол мебошад», — таъкид карданд дар Вазорат.

Илова бар ин, соли гузашта фурӯши пурраи қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхона муясссар нашудааст.

Дар ҶСК «Азот» дар баробари карбамид инчунин оксиди карбон, хокаи гумин ва гумати калий истеҳсол мешавад.

Мувофиқи арзёбии мутахассисон, барои таъмини пурраи кишвар истеҳсоли ҳудуди 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ҶСК “Азот” ва корхонаи кимиёвии “Ёвон” каме бештар аз 35 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Дар мақомоти дахлдор зикр мекунанд, ки дар сурати пурра коршоям будани хатҳои технологии корхонаи “Азот” ҳамасола истеҳсоли 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид имкон дорад. Дар корхонаи “Талко Кемикал” дар Ёвон ҳамасола истеҳсоли то 75 ҳазор тонна маҳсулот ва ба ин васила ноил гардидан ба қатъи воридоти нуриҳои фосфорӣ пешбинӣ шудааст.

ҶДММ “Азот” (собиқ Корхонаи нуриҳои азотии Вахш) яке аз корхонаҳои бузурги Тоҷикистон мебошад, ки моҳи апрели соли 2023 пас аз солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмондан, кори худро барқарор кард. Корхона дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷойгир аст. Корхона соли 2009 аз фаъолият бозмонда буд. Бар асари солҳои зиёд аз фаъолият бозмондан, қисми зиёди таҷҳизоти технологӣ аз кор баромад. Соли 2021 масъулияти барқарор намудан ва таъмиру навсозии корхонаро ширкати “Осиё кемикал” ба дӯш гирифт. Маблаггузории аввалияи хароҷоти сармоягузорӣ 200 млн сомонӣ арзёбӣ шуда буд. Дар амал бошад, зиёда аз 400 млн сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио