“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд

Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова, ду маҳкумшудаи дар доираи “парвандаи табаддулот” аз болои ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурдаанд, то додгоҳ ҳардуро озод кунад. Аввали моҳи феврал Шокирҷон Ҳакимов ба 18 сол ва Рухшона Ҳакимова ба 8 сол равонаи зиндон шуданд. Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки 13-уми феврал аз болои ҳукми Додгоҳи […]

Asia-Plus

Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова, ду маҳкумшудаи дар доираи “парвандаи табаддулот” аз болои ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурдаанд, то додгоҳ ҳардуро озод кунад. Аввали моҳи феврал Шокирҷон Ҳакимов ба 18 сол ва Рухшона Ҳакимова ба 8 сол равонаи зиндон шуданд.

Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки 13-уми феврал аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи болоии додгоҳ – зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд.

“Ҳукми додгоҳ ноодилона буд, ҳатто иттиҳоми ба падарам баста, тасдиқи худро наёфт. Падарам ва вакили дифоаш ҳам дар раванди муҳокима иттиҳомро рад карда, беасос номиданд. Аммо додгоҳ ҳукми бисёр сангин эълон кард. Вакили дифоъ рӯзи панҷшанбе ба зинаи болоӣ шикояти касатсионӣ бурданд ва хостанд, ки ҳукм бозбинӣ шавад”, – гуфт яке аз фарзандони Шокирҷон Ҳакимов.

Вакили дифои Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавон, ки модари ду кӯдаки хурдсол аст, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсонӣ шикоят кардаааст.

Ӯ афзуд, ки бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо кардааст.

Рухшона Ҳакимова бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов мебошад ва ӯ соҳиби ду кӯдак, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола аст.

 

Пайвандон маҳкумшудагонро дида натавонистаанд

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова шикоят доранд, ки то ҳол бо онҳо вохӯрда наметавонанд.

Як аз фарзандони Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки пас аз боздошти ин ҳуқуқшиноси шинохта дар моҳи июли соли 2024 то кунан пайвандон танавонистаанд вайро бинанд.

Ӯ гуфт, рӯзи 7-уми феврал мо ба унвони раиси Додгоҳи олӣ нома навишта, хостем бо падар, чанд дақиқа ҳам бошад, вохӯрем, вале на ба мактуб посух доданд ва на иҷозаи вохӯрӣ”.

“То эълони ҳукм чандин бор тақозои вохӯрӣ кардем, вале гуфтанд, ки парванда муҳри махфӣ дорад. Акнун баъди эълони ҳукм ҳам намегузоранд, ки падарамро бубинем. Мо танхо хамчун фарзанд мехохем як бор он касро бинему халос”, – афзуд яке аз фарзандони Шокирҷон Ҳакимов.

Шавҳари Рухшона Ҳакимова ҳам нигаронӣ дорад, ки пас аз эълони ҳукми додгоҳ ва боздошту зиндонӣ шудани ҳамсараш, натавонистааст ӯро бибинад.

 

Ба кадом гуноҳ муттаҳам шудаанд?

Бояд гуфт, ки нисбати Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал ҳукми додгоҳ содир шуд ва аввалиро ба 18 сол ва дуюмиро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Шокирҷон Ҳакимови 59-сола барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (моддаи 189, қисми 2) ва хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 305, қисми 1, банди “в”) гунаҳкор дониста шуд.

Ӯ муовини аввали Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносони шинохтаи тоҷик буд. Додтори илмҳои сиёсатшиносӣ аст ва ҳамеша бо расонаҳо назару андешаҳои худро баён медошт.

Рухшона Ҳакимоваи 31-сола барои ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 305, қисми 2) гунаҳкор гардид.

Бар зидди Рухшона Ҳакимова 7 моҳ пеш парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Ҳукми ӯ вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Бисёре аз корбарон, бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхӯр доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.

Раиси нави Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.

Рухшона Ҳакимова фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз карда дар як қатор расонаҳо, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикисторн кор кардааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...