Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд

Коршиносони Гурӯҳи дастгирии таҳлилӣ ва мушоҳидаи таҳримҳои назди СММ бар ин назаранд, ки ба ҳолати охири соли 2024 дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳҳои террористӣ амал мекарданд, ки натанҳо ба амнияти дохилии ин кишвар, балки дар умум Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ин хулоса дар гузориши сомонаи СММ нашр шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муаллифони гузориш, Толибон* бисёр […]

Asia-Plus

Коршиносони Гурӯҳи дастгирии таҳлилӣ ва мушоҳидаи таҳримҳои назди СММ бар ин назаранд, ки ба ҳолати охири соли 2024 дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳҳои террористӣ амал мекарданд, ки натанҳо ба амнияти дохилии ин кишвар, балки дар умум Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ин хулоса дар гузориши сомонаи СММ нашр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муаллифони гузориш, Толибон* бисёр вақт ба баъзе аз ин гурӯҳҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои марбут ба сохтори байнулмилалии террористии “Ал-Қоида”, ки аз муҷоҳидон дар саросари дунё пуштибонӣ мекунанд, кумак мерасонанд.

Ба ин тариқ, мақомоти Афғонистон ба ифротгароён паноҳгоҳ, урдугоҳҳои таълимӣ фароҳам оварда, баъзан кӯмаки моддӣ мерасонанд ва инчунин барои роҳбарон ва фармондеҳони ҷунбишҳои алоҳида муҳофиз таъин кардаанд.

Ин ҷо сари гурӯҳҳои ғайриафғонӣ, аз ҷумла “Таҳрики Толибони Покистон”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки асосан аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ иборатанд, сухан меравад.

Тибқи маълумоти коршиносони СММ, соли гузашта “Таҳрики Толибони Покистон” дар минтақаҳои Кунар, Нангарҳор, Хуст ва Пактико марказҳои таълимӣ кушода, фаъолона ба ҷалби тарафдоронаш машғул буд.

Ин ба созмон имкон дод, ки 600 ҳамла содир намояд, аз ҷумла аз қаламарави Афғонистон. Гуфта мешавад, Кобул гурӯҳи покистониро маблағгузорӣ намуда, ба пешвои он ҳар моҳ 43 ҳазор доллар пардохт мекунад.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар минтақаҳои Хуст ва Тахор урдугоҳҳои тамринӣ дорад. Дар ин ҷо муҳандисон ва мураббиёни “Ал-Қоида” аксаран аз ҳисоби зодагони кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ ҷангиён ва террористони маргталаб омода мекунанд.

Ба созмони ифротгарои “Давлати исломӣ – Хуросон (ДОИШ – Хуросон) таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Толибон зидди ин ҳалқа мубориза мебаранд, лекин он хоҳ-нохоҳ дар Афғонистон фаъолона амал мекунад.

Таҳлилгарон аз ҳодисаи куштори роҳбари Вазорати умури паноҳандагон ва бозгаштагон Халил Аҳмад Ҳаққонӣ, яке аз пайвандони наздики Сироҷиддин Ҳаққонӣ (роҳбари шабакаи Ҳаққонӣ) мисол меоранд, ки аз дасти маргталабе кушта шуд.

Дар ин давра ДОИШ – Хуросон сафҳои худро ба таври назаррас зиёд кард. Ба ин норозигии сокинони минтақаҳои шимол – Бадахшон ва Қундуз аз ҳукмронии Толибон таъсир расонид. Дар ин минтақаҳо асосан тоҷикони этникӣ ба сар мебаранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, деҳқононе, ки дар натиҷаи манъи кишти кӯкнори афюн зарар дидаанд, бо мақсади интиқом аз ҳукумати Афғонистон ба ҷангҷӯён паноҳгоҳ дода, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Таъкид мешавад, ки ин гурӯҳ шумораи ҳарчи бештари ҷангҷӯёни ҷалбшударо ба Афғонистон интиқол медиҳад, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон мебошанд.

Бо вуҷуди ин, рӯзи 17-уми феврал намояндаи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Абдул Матин Конӣ изҳор дошт, ки "Давлати Исломӣ" дар кишвар комилан саркӯб шуда, дигар ҳузури ҷисмонӣ надорад. Вай инчунин илова намуд, ки ҳамлаҳои террористие, ки масъулияти онҳоро "Давлати Исломӣ" ба уҳда мегирад, аз кишварҳои ҳамсоя ташкил карда мешаванд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.